Асад барои ҳалли буҳрони Сурия пеши Путин меравад
Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия барои баррасии роҳҳалҳои буҳрони кишвараш ба Русия меравад.
Ба иттилои расонаҳои сурӣ, сафари раисҷумҳури нооромтарин кишвари арабӣ ба Маскав дар нимаи аввали моҳи январи соли 2015 сурат хоҳад гирифт.
Манбаъ мегӯяд, Башшор Асад дар ҷараёни ин сафари худ ба Русия бо ҳамтои русаш, Владимир Путин мулоқот карда, тарҳеро барои ҳалли буҳрони Сурия баррасӣ мекунад, ки аз сӯи Теҳрон ва Маскав пешниҳод шудааст.
Башшор Асад дар пайи як раъйпурсие 27 майи соли 2007 бо ба даст овардани 97,62 дарсади оро ба ҷои падараш ба курсии раҳбарии Сурия нишаст. Ӯ баъд аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи Сурия дар пайи интихоботе моҳи июли соли равон дубора ба курсии раёсати кишвараш нишаст, ки Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳуқуқи башари вобаста ба он, Иттиҳоди кишварҳои арабӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон онро “намоиши мазҳакавӣ” хондаанд.
Сурия яке аз нооромтарин кишварҳои арабӣ ба шумор рафта, давоми се соли охир аст, мухолифон бо ҳукумати Башшор Асад даст ба гиребон шудаанд. Тибқи бархе хабарҳо ҳоло шумораи фавтидагон дар ин кишвар ба беш аз 160 ҳазор нафар расидааст, ки коршиносон 7 ҳазори онҳоро кӯдак хондаанд/
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |