Нигаронии Душанбею Бишкек аз 32 бархӯрди марзӣ дар як сол
Полковник Ҳабибулло Сафаров, муовини фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабр дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш-полковник Искандар Мамбеталиев дар ноҳияи Лайлак роҳҳои густариши ҳамкорӣ ва коҳиш додани бархӯрдҳои марзиро баррасӣ намудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти сарҳадии Қирғизистон дар мулоқот аз ҷумла таъкид шуд, ки аз аввали соли равон дар навоҳии наздимарзии ду кишвар 32 бархӯрд сабт шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 ду баробар зиёд аст.
Ҷонибҳои ҳавасмандияшонро барои густариши ҳамкорӣ миёни сарҳадбонон ва зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ таъкид намуда, изҳор доштаанд, ки тамоми масоили марзӣ бояд рӯи мизи гуфтушунид ҳал шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |