Дарёфти “Қуръон”- и таҳрифшуда дар Арабистони Саудӣ
Ҳукумати Арабистони Саъудӣ нусхаи китоби “Қуръон” –и маҷидро, ки дар он саҳву ғалат роҳ ёфтааст, аз муомилот гирифта, истифодаи онҳоро манъ намудааст.
Тавре, оҷонсии “Инфо ислам” хабар додааст, нусхаҳои мазкур ба шоҳигарии Арабистони Саъудӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, тавассути масҷидҳо паҳн мешаванд.
Вазорат оид ба исломи ШАС ҳушдор додааст, ки чунин китобҳои таҳрифшуда, барои барангехтани тухми нифоқ ва исёну ошӯб замина мегузоранд.
“Мо дарёфтем, ки қисме аз китобҳои муқаддаси “Қуръон”, ки аз мамолики араб ва ё кишварҳои дигари исломӣ ворид шудаанд, беэҳтиётона нашр гардидаанд. Аммо паҳнкунандагони китоб аз ин хабар надоштанд. Онҳо гумон доштанд, ки китобҳо бидуни нуқс нашр шудааст”, изҳор кард роҳбари вазорат оид ба ислом шайх Салаҳ аш-Шайх.
Бидуни тафсили ҷузъиёти ин масъала, вазир қайд кард, ки чунин нашр сохтани “Қуръон” пайравони мазҳабу гуруҳҳоро ба гумроҳӣ мебарад.
“Мусалмонон бояд ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд. Зеро на ҳамаи нусхаҳои “Қуръон” холӣ аз нуқсу қобили истифодаанд”, қайд намуд вазир.
Шайх Салаҳ аш-Шайх афзудааст, ки як қисмати нусхаҳои таҳрифшудаи Каломуллоҳ аз Масҷидул Ҳаром мусодира гардидааст.
Зимнан, моҳи октябри соли ҷорӣ роҳ додани саҳву ғалат дар нашри “Қуръон” сабаби пароканда шудани парламент ва интихоботи нав дар Кувайт гардид.
Амири Кувайт шайх Ҷаббор ал-Аҳмад ал-Сабаҳ вазир оид ба муносибатҳои исломӣ Аҳмад ал-Кулайбро ба он айбдор намудааст, ки вақти нашр сохтани нусхаҳои ройгони “Қуръон” –и маҷид ба хатоӣ роҳ додааст, ки сабаби ба вартаи сиёсӣ гирифтор шудани кишвар шудааст.
Вазир сари вақт нусхаҳои ғалатроҳёфтаро аз муомила нагирифта, балки имкон додааст,ки онҳо байни мардум паҳн гарданд.
Вакили парлумони Кувайт изҳор намуданд,ки пайдо шудани саҳв дар масҳафи “Қуръон” боиси ҳуҷуми душманони ислом мегардад ва чун силоҳи хавфнок бар муқобили ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ки пайрави исломанд, хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |