Ҳайкали гумшудаи Ленин аз Душанбе дар маркази Амрикост?
Тани ҳайкали вожгуншудаи Ленин, ки дар Душанбе нопадид шудаасту мақомоту масъулин аз ҷои нигаҳдорияш изҳори беиттилоӣ мекунанд, тибқи иттилои манобеи "Озодагон" дар яке аз осорхонаҳои марказии Иёлоти муттаҳидаи Амрико қарор дорад.
Сайёҳони тоҷикистонӣ, ки аз Амрико боздид кардаанд, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки тани аз сар ҷудошудаи ҳайкали Ленинро дар осорхонаи “Вашингтон мюзиюм” дидаанд ва дар лавҳаи болои он таърихи вожгунсозии ҳайкал ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон навишта шудааст. Мусоҳибони "Озодагон" таъкид намуданд, ки гарчанде далелҳои қатъӣ дар даст надоранд, вале аз нигоҳи ҷусса ва шикастапораҳо ҳайкале, ки дар осорхонаи Амрикост, ҳамон ҳайкали гумшудаи маркази Душанбест.
Ин дар ҳолест, ки вожгунсозии ҳайкали Ленин дар соли 1991 оғози ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ мешавад. Қаблан коммунистҳои Тоҷикистон дархост карда буданд, ки ҳайкали бесари Ленинро ба онҳо диҳанд, то барқарораш кунанду ҳамчун ёдгории таърихӣ нигоҳдорияш кунанд. Аммо ин дархости онҳо амалӣ нашуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |