Яхмосҳо дар Душанбе оташ гирифтанд
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 8-уми декабр дар Душанбею атрофи он се ҳодисаи сӯхтор сабт шудааст, ки якеаш дар коргоҳи яхмосбарории Эскимо сар задааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар коргоҳи яхмосбарории “Эскимо Мастер”, ки дар кӯчаи Карамови пойтахт ҷойгир аст, масоҳати 25 метри мураббаъро сӯхтор фаро гирифт ва дар ҳаҷми 1820 сомонӣ ба молу маҳсулоти коргоҳ зарар расондааст. Мақомот сабаби сар задани сӯхторро дар ин коргоҳ беназорат мондани асбобҳои барқӣ арзёбӣ мекунанд.
Инчунин рӯзи 8-уми декабр дар нуқтаҳои савдои се соҳибкор дар хиёбони Рӯдакии Душанбе дар масоҳати 40 метри мураббаъ ва дар дӯкони таъмири телефонҳои мобилии сокини шаҳри Ваҳдат сӯхтор сар задааст. Мақомот зарари сӯхтор дар хиёбони Рӯдакиро 3,5 ҳазор ва дар шаҳри Ваҳдатро 1200 сомонӣ ҳисоб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |