"Хоби абад”-и боз як модару 4 кӯдаки тоҷик дар Ваҳдат
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз марги 5 узви як хонавода дар ноҳияи Ваҳдат хабар медиҳад, ки ҳангоми хоб аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шудаанд.
Тибқи иттилои дафтраи матбуотии ин ниҳод, фавтидагон аъзои як оила, сокинони ҷамоати деҳоти Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат- Насиба Маҷидоваи 29 сола ва хурдсолон - Фаридаи Саидакрами 6 сола, Саидаслами Саидакрами 5 сола, Фазилаи Саидакрами 4 сола ва Саидакрам Муҳаммади 3 сола мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, аъзои ин хонавода шаби 7-ум ба 8-уми декабр барои гармшавӣ аз ангишт истифода кардаанд ва ҳангоми хоб буданашон аз дуди он заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ВУД, як рӯз қабл аз ин ҳолиса рӯзи 8 декабр Холматов Собир, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Спитамен дар хонаи истиқоматиаш аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтид. Аз ин пештар дуди ангишт зану шавҳари ҷавон дар вилояти Суғдро ба ҳалокат расонда буд.
Бо зикри ин ҳолатҳо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки зимни истифодаи маводи сӯхт боэҳтиёт бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |