Ба гуфтаи манбаъ, низоми кори ҳисобкунакҳои нави барқӣ ба кори телефонҳои мобилӣ монанд аст: «Ин ҳисобкунакҳо корти махсус доранд, ки муштарӣ барои гирифтани барқ, пешакӣ ба суратҳисоби он маблағ мегузаронад. Баъди тамом шудани маблағ, таъминоти барқ ҳам қатъ мешавад».
Сарчашмаи хабар таъкид мекунад, ки баъди насби ҳисобкунакҳои нави кортӣ, ҳоҷат ба нозирони барқ дигар боқӣ намемонад. Ба гуфтаи манбаъ, айни ҳол дар ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 3 ҳазор нозир кор карда истодаанд.
Таҳлилгарони ширкати «Барқи тоҷик» ҳисоб кардаанд, ки барои пурра даст кашидан аз хизматрасонии нозирон, зимни фурўш ва ҷамъоварии ҳаққи барқ, зиёда аз 40 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |