Интихобот-2015: Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ мекунад

Фардо, сешанбеи 9 декабр вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишварро “Дар бораи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ“ баррасӣ ва тасдиқ хоҳад кард. Дар ин бора аз парлумони Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди президент аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ давоми 3 рӯзи пас аз эълон шудани интихобот интихоб мешавад. Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр бо имзои як фармон санаи интихоботи вакилони нави Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро 1 марти соли 2015 таъин кард ва 6 декабр 15 нафарро, ба ки ҳайси раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кард, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайати пешниҳодкардаи раисиҷумҳур намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд.
Абдуманон Дадабоев, сардори Дастгоҳи КМИР дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар қатори аъзоёни комиссия аз ҷумла Ҷаллолиддини Маҳмуд аз ҲНИТ, Омина Ёрматова аз Ҳизби сотсиалистӣ ва Вера Романова аз Ҳизби коммунистӣ пешниҳод шудаанд. Ба иттилои манбаъ аз ҲСДТ ба ҳайси аъзои КМИР ягон кас пешниҳод нашудааст.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни суҳбат бо афроди пешниҳодшуда Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад: “Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |