Бахшҳо

“Барои Тоҷикистон бозӣ кардан дар формати “сиёсати дарҳои боз” чандон воқеӣ нест”

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон аснои сафари ахираш ба Пекин ва мулоқот бо ҳамтои чинияш - Чан Вантсюан, Хитойро шарики қобили эътимоди кишвар номидааст. Хабаргузории “Синхуа”- менависад, Шералӣ Мирзо дар ин дидор гуфтааст, Тоҷикистон қасд дорад, ҳамкорӣ бо Хитойро дар бахшҳои мухталиф ба роҳ монда, “ҳамроҳ бо ин кишвар ба чолиш ва хатарҳои амнияти минтақаӣ вокуниш нишон бидиҳад”. Дар робита “Озодагон” аз се соҳибназари тоҷик пурсид: Наздикшавии Душанбе бо Пекин Маскавро нигарон намекунад?

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Дар зоҳир ин гуна эъломияҳо кадом нигароние надоранд, чун дар бисёре аз масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи Маскаву Пекин ҳамсон аст. Вале дар дурнамо ин гуна майлкуниҳои ошкори Душанбе бо Пекин ҳассосиятҳоеро бечуну чаро барои Маскав ба вуҷуд меоварад. Борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, ки Душанбе эълон намудани шарикии стротежиро бо ину он тараф хеле дӯст медорад ва бо ин амалаш худро бозигар муаррифӣ мекунад, ки дурнамои онро чандон хуб намебинам.

Бобоҷон Икром, коршиноси масоили минтақавӣ

Наздикшавии Тоҷикистон бо Чин аслан набояд Русияро нигарон кунад. Чунки ин се кишвар ҳамдигаро шарикони роҳбурдӣ меҳисобанд. Ин се кишвар аъзои созмони ҳамкорииҳои Шанхай мебошанд. Аз ҷониби дигар он нигарониҳое, ки имрӯз Тоҷикистон дар масири мубориза бо терроризму экстемизм ва таҳдидҳои сарҳадӣ аз ҷониби Афғонистон дорад, Чин низ ин нигарониҳоро дорад ва дар ин замина хостори ҳамкорӣ бо ин кишварҳо мебошад. Имрӯз Русия қудрати дастгирии иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистонро надорад, аз ин рӯ Чин ҳамчун шарики боэтимод ин халоъро пур месозад, ки аз ин набояд Русия нигарон бошад. Дар зимн, Русия аз пурзӯр шудани мавқеи стратегии Амрико нигарон аст. Дар солҳои охир дар ҷаҳон як таҳаввулоти бузург дар масири ҳадафҳои стратегии қудартҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст, бинобар ин хавфи пурзӯр шудани нақши Амрико баръало мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ барои Русия беҳтар мебошад, ки аз мавқеи Чин пуштибонӣ кунад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Борҳо таҳлилгарону коршиносон, аз ҷумла ин ҷониб изҳор намудаем, ки барои кишварҳое чун Тоҷикистону Қирғизистон феълан бозӣ кардан дар формати “сиёсати дарҳои боз” чандон воқеӣ нест ва аз ин хотир метавонад натиҷаҳои пешгуинашаванда дошта бошад. Зеро ин формат ва ин шакли муносибат ба давлатҳое хос буда метавонад, ки бо шарикони худ зарфият ва имкониятҳои баробар доранд. Дар Осиёи Миёна танҳо Қазоқистон ва то ҷое Узбакистон дар доираи ин тарзи муносибат бозӣ карда метавонанд ва он ҳам бо душворӣ. Бубинед, ҳатто Туркманистон бо тавонмандиҳои хеш бовар надорад, ки қоидаҳои ин бозӣ барояш созгоранд ва аз ин хотир худро ҷудо аз ҳама созмону паймонҳо эълон кардаасту мақоми нейтралитетро гирифта. Инро дар Душанбе ва Ғарб хуб медонанд, ки Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон минтақаи нуфузи Русия аст, аз он берун шудан бениҳоят мушкил мебошад, хоса барои ҳукумати феълӣ. Шояд бо ивази қудрат кадом таҳаввулоте дар муносибат пеш биёяд, аммо на ҳоло. Далели инро мо дар овозаи митинги 10 октябр, ки пас аз тааҳудоти Душанбеву Пекин ба вуҷуд омаду дар он “дасти русӣ”-ро ҳам коршиносони ватанӣ ва ҳам ғарбӣ эҳсос карданд, бо чашми худ дидем. Пас худатон хулоса кунед, ки акнун фаъолмандиҳои муносиботи Тоҷикистону Чинро дар Маскав чӣ гуна қабул хоҳанд кард?
Мӯҳр
Руссия намехохад ки мо ай гуломии онхо рахо ёбем.

Душанбе эълон намудани шарикии стротежиро бо ину он тараф хеле дӯст медорад ва бо ин амалаш худро бозигар муаррифӣ мекунад, ки дурнамои онро чандон хуб намебинам.

Ин дурнамо аз чи иборат аст? Фолбини дар сиёсат нишонаи адами тафаккури мантикист.Маруф,

Мухтарам Кова, Руссия намехохад ки мо Давлати худро пеш барем, аз онхо дар хакикат мустакил бошем, бинед чи корхои намекунад Москав барои тезу тунд гардондани алокаи иктисодию сиёси бо дигар давлатхои пешрафта. Мо бояд аз Руссия рахо ёбем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)