ВИДЕО: “Гуфтаи мардак” ё чаро гуфтаҳои вакил ба телевизион роҳ наёфтанд?

Ҷараёни таҳияи гузориши телевизионӣ аз макони селзада дар ноҳияи Шӯрообод, ки зоҳиран барои шабкаҳои давлатии кишвар таҳия шудааст, дар интернет баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.
Дар наворе, ки зимни таҳияи гузориш аз деҳаи селзадаи Пистамазор таҳия шудааст ва ахиран ба интернет роҳ ёфт, Нуруллоҳ Асламов, вакили ноҳиявии ин минтақа талош дорад, дар рӯбарӯи дурбин аз мушкилоти ҳамдеҳагонаш ҳарф занад. Бархе аз корбарони интернет аз он интиқод мекунанд, ки таҳиягарони гузориш ба намояндаи мардум чӣ гуфтанро ёд медиҳанд ва инро омили асосии сохтакориҳо дар телевизион мегӯянд. Ба гуфтаи интиқодгарон муаллифони гузориш талош доранд, аз мусоҳиби худ иттилооту таъриф бигиранд на асли воқеа.
Баробари ин бисёри корбарон аз шеваи суханронии як вакили мардумии тоҷик, ки “гуфтаи мардак”-ро дар суханҳояш зиёд истифода мекунад интиқод мекунанд, аммо бархе дигар пешниҳод намудаанд, ки гуфтаҳояш “ҳаҷви сол” эълон шаванд.
Меҳмоншоҳ Шарифов, корбари фаъоли Фейсбук низ дар ин “саҳна” бештар таҳиягар ва наворбардорро айбдор мекунад, ки намегузоранд, инсонро дар ҳолати табияш сухан ронад: “Табиати зинда, садои кабку парандаҳо хеле табиист, шарт нест инсона ба қолаби идеологӣ даровардан, ки "наҷунб", "нагуй" ва ғайра, ба таври озод ин мардуми шарифа имкони ҳарф задан додан даркор ...ва фазойи фарҳангиро табии ташкил кардан даркор ...”
Ин наворро, ки баъди фаромадани сел дар ҷануби кишвар сабт гардидааст, пешниҳоди хонандагони “Озодагон” мекунем:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |