Бахшҳо

Ибни Синоро нашинохтани туркҳо Эрдуғонро нороҳат кардааст

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия даъват намудааст, ки барномаи мактабӣ дар кишвараш иваз карда шавад. Ӯ аз он изҳори норизоӣ намудааст,ки мактаббачагони турк олимони маъруфи ғарб - монанди Алберт Эйнштейнро мешиносанд, аммо аз олимони мусалмон ва шинохтаи турк огаҳӣ надоранд. “Агар шумо пурсед, ки Эйнштейн кист, қариб ҳар нафаре бароятон посух мегӯяд. Вале чун бипурсӣ, ки Ибни Сино кӣ аст, аксар хомӯшанд”, изҳор намудааст Урдуғон зимни баргузории 19- умин Шӯрои миллӣ оид ба маориф дар музофоти Анталия.

Вақти маърӯзаи хеш, президенти Туркия ҳамчунин ба масъалаи фарҳанги ғарб дар ин кишвар дахл карда, аз он таассуф хӯрдааст, ки наврасону ҷавонони турк ситораҳои санъати эстрадаи ғарбро қариб ном ба ном медонанд. Вале аз саромадони фарҳанги турк бехабаранд. “Мо бояд аз ин ҷавонон ин масъаларо бипурсем. Онҳо метавонанд Бетҳовенро гӯш кунанд, аммо дар бораи Итри ва Деде эфендӣ (классикони мусиқии турк) низ маълумот дошта бошанд”,- баён доштааст президенти Туркия.

Ба андешаи роҳбари Туркия барномаи таълимӣ дар мактабҳо бояд барои рушди ҳисси эътимод ва тавозӯъ дар байни ҷавонони турк мусоидат намояд.
Мӯҳр
точик
Озоди "намёк"-хои ачоиб медихи Эрдаган олиони турк гуфт мегуи, вале Сино турк нест бо ин чи мехохи?

Туркбоши
Чумахон
Акнун ба андешаи Эрдугон Сино гуё турк бошад?

Озодагон, хамин худат туркпараст набошй. Мардумро гумрох карда истодай. Агар пантуркист набошй чоп мекунй.

Файласуф
Эрдугон пантуркизми навро бо методи нав амали карда истодааст ва точикони мо ба фиреби у афтода истодаанд. Дар матн хам ба таври химоя аз Сино хамчун точик бояд сухан мерафт, на таргиби акидахои пантуркистии Эрдугон. точик,

Мухаммад
Ба туркабоши Сино ба турки чи маъно дошта бошад?

узбаки асил
Туркбоши,- и беакл , Сино точики асил аст, бидон!

Синои бузург форсизодаи асил буд. Тюркхо кариб ки Худоро хам тюрк мегуянд ...

Синои бузург форсизодаи асили точки будет ! Наход президент ин кадар ноогох бошад ?

Бас кунед талошро рафик Точикон )) Холо мавзуи нав аст, ман дируз аз Алмато омадам, Абуали ибни СИНО КАЗОК будааст, инро Казокон исбот кардаанд ва ба наздики дар китобхояшон Синоро хамчун олими Казок чойгир мекунанд... Мо Точикон бекасем))))

Туркбоши!
Номи модари ибни Сино Ситора буд, ин сирф калимаи точикию форсист, туркхо ин гуна ном надоранд маслан узбекхо номи юлдуз доранд ки бо забони точики ситора мешавад.

Мутаасифона мо хама Туркем, ё хама Турбем?..

Эрдугон хато кардаст, ин рафта рафта тиран шуда истодааст,
ними халкаш медонад ки Сино форс аст,

Араб гӯянд Синоро гурӯҳе,
Гурӯҳе форс ё тоҷик донанд.
Гурӯҳе ӯзбакаш гӯянду лекин
Агар сад бор осораш бихонанд,
Нафаҳманду паи тафсири ҳар ҳарф
Ҳама муҳтоҷи некӯ тарҷумонанд.

Ҳама даъво кунанд – «Аз миллати мост,
Фалон модар фалон солаш бизода.
Дигар миллат ба дунёи тамаддун
Чу Сино зуфунунеро надода...»

Чӣ лозим ин ҳама фарёду даъво?
Чӣ лозим ин ҳама исботу бурҳон?
На аъробӣ, на ӯзбак будааст ӯ,
Фақат будаст инсони ҳамадон.

Бухоро пойтахти тоҷикон буд,
Дар он ҷо Бӯалӣ омад ба олам,
Дарӣ буда забонаш, лек омӯхт
Забони ҷумла давру ҷумла одам.

Дарӣ буда забонаш, лек буда
Забони ҷон, забони рӯҳи озод.
Забони эҳтиёҷеву ниёзе,
Забони дардҳои одамизод.

Забони ҳар нигаҳ, ҳар вазъ, ҳар дам,
Забони ҳар гияҳ, ҳар барг, ҳар гул.
Забони нисбату пайванди аҷсом,
Забони имтизоҷи ҷузв бо кул.

Забони дил, забони сактаи дил,
Забони сактаҳои зиндагонӣ.
Аз ин рӯ бо ҳама дарди ҳама халқ
Ба ҳар айём дорад ҳамзабонӣ.

Аё даъвогарони асли Сино!
Чӣ лозим ин ҳама ғавғою даъво?
Чу доруҳои ӯ бо ҳар забоне
Табобат мекунад дарди шуморо,
Ба ҳар ҳолат, ба ҳар давру замоне
Кифоят мекунад дарди шуморо...

Э туркбоши бе саввод да давраи сино турко ай байни мугуло набромада буданд!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)