ВИДЕО: Рэпсарои кореягӣ “ҳисобкунак”-и YouTube-ро “шикаст”

Теъдоди бинандаҳои клипи Gangnam Style (Гангам стайл)-и Псӣ, рэпсарои Кореяи Ҷанубӣ дар Ютуб ба ҳаде расида, ки берун аз интизороти созандагони ин шабаккаи интернетист.
Баъди он ки ин видео 2 147 483 647 маротиба тамошо шуд, “ҳисобкунак”-и Ютуб рақамҳои хато пешниҳод кардааст. “Мо ҳеч гоҳ гумон надоштем, ки кадом як видеое дар сайти мо ба ин ҳад тамошо мешавад”,-изҳор доштаанд намояндаҳои YouTube.
Видеоклипи Gangnam Style моҳи июли соли 2012 бар Ютуб нашр шуд ва тақрибан баъди 7 моҳ онро миллиард маротиба тамошо карданд. Вақте аз нашри он якуним сол гузашт, аллакай теъдоди бинандаҳояш марзи думиллиардро убур карда буд.
3 декабр “ҳисобкунак”-и Ютуб 2 152 681 105 боздидро нишон дод. Ин шабака як наворе ҳам нашр кард, ки дар он дида мешавад, рақамҳои “ҳисобкунак” бо суръати хеле зиёд тағйир меёбанд.
Псӣ (PSY) ё Пак Чэ Сан аз авохири солҳои 90-и асри гузашта вориди шоу-бизнес шуда, панҷ маҷмӯаи таронаҳояшро ба бозор ироа кардааст. Аммо танҳо баъд аз пешниҳоди суруди “Гангам стайл” дар соли 2012 маъруф гардид. “Гангам стайл” зинаҳои аввали хит-парадҳои маъруфи Аврупову Амрикоро барои чандин муддат ба худ ихтисос дода, онро дар саросари ҷаҳон ҳазорҳо маротиба бозхонӣ кардаанд. Садҳо нафар бо истифодаи оҳанги ин тарона суруд хонданд. Гуруҳи тоҷикии "Фарзин" ҳам як таронаи худро (Ҷигак-ҷигак) бар пояи оҳанги "Гангнам стайл" иҷро карда ва оҳанги дигари худро (Духтари ванҷӣ) бар матни Псӣ пайванд кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |