Анҷоми қуръакашӣ барои даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016
Санаи 4-уми декабр дар шаҳри Куала-Лумпури қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё дар Малайзия, қуръакашии даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони синнашон то 23-сола (U-23) баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Яман ва Шри-Ланка рақобат мекунад.
Бозиҳои даври интихобӣ аз 23 то 31-уми марти соли 2015 баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ дар маҷмуъ дар даври интихобӣ 43 даста ширкат меварзанд. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 23 даста ва ба шарқӣ бошад 20 даста шомиланд. Ба иттилои ФФТ ҷоизадорони қаҳрамонии Осиё-2016 ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, роҳхат хоҳанд гирифт.
Натиҷаи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 (U-23):
Гурӯҳи «А»: Ироқ, Умон, Баҳрайн, Лубнон, Молдовия.
Гурӯҳи «В»: Урдун, Қувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон.
Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон.
Гурӯҳи «D»: ИМА, Сурия, Узбакистон, Ҳиндустон, Бангладеш.
Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянма, Ҳонконг, Тайван.
Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд, Камбоҷа, Филиппин.
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Тимори Шарқӣ, Бруней.
Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Малайзия, Ветнам, Макао.
Гурӯҳи «J»: Чин, Лаос, Сингапур, Муғулистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |