Рекордшиканиҳои нави доллар дар Тоҷикистон
Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи равон боз бо суръат боло рафта, аз 5,28-5,30 сомонии аввали ҳафта, имрӯз, 5-уми декабр ба 5,44-5,47 сомонӣ расидааст. Аммо харидорони доллар мегӯянд, бо ин нарх низ дарёфти асъори амрикоӣ мушкил аст ва аксаран саррофон барои 100 доллар беш аз 550 сомонӣ талаб мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа поин рафта, имрӯз, 5-уми декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ба ивази 1000 рубл аз 98 то 102 сомонӣ медиҳанд, ки пасттарин нишондод тайи солҳои охир аст.
Қурби рубли русӣ дар худи Русия низ нисбати доллар ба таври бесобиқа поин рафтааст ва ин яке аз сабабҳои аслии боло рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон аст, чун Русия аз шарикони асосии тиҷорӣ ва таъминкунандаи асосии бозори нақди кишвар бо асъори хориҷӣ маҳсуб меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |