Пас аз чанд лаҳза президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон райиси давраии САҲА, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалисро ба ҳузур мепазирад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, ҷаноби Ажубалис барои анҷоми як сафари дурӯза вориди Душанбе шуда, интизор меравад мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров низ сурат пазирад. Барномаи ташрифи райиси САҲА, инчунин аз вохӯриҳо бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.
Маврид ба ёдоварист, қабл аз ворид шуданаш ба Душанбе Ажубалис бо ироаи як баёния аз ҷумла навишт, ки ман ҳукумати Тоҷикистонро дар давом додани ҳамкорӣ бо ВАО-и мустақил барои тақвият бахшидан ба принсипҳои демократӣ дар кишвар ташвиқу тарғиб менамоям.
Мӯҳр