Маврид ба ёдоварист, шаби 14-уми сентябр зимни як амалиёти муштаракаи мақомоти интизомии Қирғизистону Тоҷикистон се нафар аз шаҳврандони ин кишварро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд, дар Душанбе боздошт карда буданд. Зимнан, Қодрибек Досонови 40 сола, муллақаб ба “Ҷинго”, яке аз афроди боздоштшуда аз ҷумла дар таҳияи қатли раҳбари қаблии идораи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон муттаҳам шудааст.
Дар ҳамин ҳол ВКД иттилоъ додааст, ки яке аз сокинони Тоҷикистон барои пинҳон кардани афроди ҷиноятпешаи қирғиз дар Тоҷикистон кӯмак кардааст ва ҳоло ӯ мавриди ҷустуҷӯи мақомот қарор дорад.
Ҳамчунин, Чингиз Ҷумагулови 25-сола яке дигар аз се фарди боздоштшудаи қирғиз барои убури ғайриқонунӣ аз марз низ муттаҳам шуда ва қарор аст, ки ӯро ба кумитаи амнияти давлатӣ супоранд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |