Ҳамаи муассисаҳои Хуҷанд барои насби Арча муваззаф шуданд
Тамоми муассисаҳои шаҳри Хуҷанд, новобаста аз шакли моликияташон муваззаф шудаанд, барои таҷлили Соли нави мелодии 2015 то 15-уми декабри соли равон дар назди биноҳои худ Арчаи солинавиро насб кунанд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд иттилоъ доданд.
Тибқи дастури шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмазода имсол арчаи солинавии маркази маъмурии вилояти Суғд 20 метр баландӣ дошта, ба таври замонавӣ оро дода хоҳад шуд. Манбаъ афзуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бояд то 15-уми декабри соли равон корҳои омодагӣ барои ҷашнгирии Соли Нави мелодӣ ба анҷом расонида шаванд: "Дар асоси нақшаи таҳиягашта нахустин шуда озмун-фестивали солинавӣ миёни 7 муассисаи таълимии олӣ ва миёнаи махсус доир мегардад.”
Ҳамчунин, дар назар аст, ки гала-консерти солинавии ниҳоӣ ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун-фестивал шоми 31-уми декабри соли 2014 дар пояи арчаи солинавии майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |