Бахшҳо

Эроди Академия аз “Озодагон”: Назари моро напурсидед!

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ аз нашри матлаби “Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!” дар сомонаи “Озодагон”, интиқод намуда, аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки хабаргузорӣ барои фаҳмидани назари кормандон ба ин Марказ муроҷиат накардааст. Ин дар ҳолест, ки матлаби зикршуда дар асоси изҳороти кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ аз 1-уми декабри соли 2014 таҳия ва нашр шуда буд.

Дар изҳороти нави Марказ зикр шудааст, ки “аз матлаби “Озодагон” чунин ба назар мерасад, ки гӯё Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ ҳамаи мақолаҳои муқобили ҲНИТ дар матбуот ва ВАО паҳншударо таҳия ва паҳн мекунад.”

Кормандони Марказ дар изҳороти нав иддао доранд, ки “Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ ниҳоди илмӣ аст ва ҳуқуқи таҳлилу баррасии равандҳои дар ҷомеаи Тоҷикистон мавҷудбударо дорад. Кормандони Марказ ба таҳлил ва интиқоди илмии ҳама қишрҳои ҷомеа машғуланд, на танҳо ҳизбҳои сиёсии кишвар. Дар оянда низ Марказ фаъолияти худро дар ин самт идома медиҳад. Дар навиштаҳои худ кормандони Марказ ба таври ошкоро ва шаффоф андешаи худро баён менамоянд. Дар зимн ному насаб, ҷойи кор ва маълумоти зарурии ба ҳар хонанда лозим аз навиштаҳои мо пайдост. Ба ҳарифони эҳтимолии худ муҳтарамона изҳор менамоем, ки шарти муколамаи созанда шафофияти он аст. Чун ҳамаи мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва ба хотири беҳбуди зиндагии мардуми хеш сари мавзуъҳои мубрами рӯз изҳори андеша менамоем. Чуноне ки мегӯянд: «Ҳақиқат зодаи баҳс аст». Дар ин ҷо касе ғарази шахсӣ ва сиёсӣ надорад. Мо ва ҳарифони мо бояд дар назар дошта бошем, ки ин ҳама муколамаву мубоҳиса ба хотири беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистони азиз аст. Мо кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ ба таври хоса изҳор медорем, ки нафарони баҳскунанда ба мисли мо бояд ному насаб, ихтисос ва фаъолияти иҷтимоии худро ошкоро изҳор доранд. Мо ҳамеша ин корро мекунем ва аз онҳо низ хоҳиш дорем, ки ин ахлоқ ва адолати илмиро риоя намоянд. Маводҳое, ки зери номи мустаор навишта мешаванд ба ин шартҳои мо ҷавобгӯй нестанд ва мо ба чунин навиштаҳои беном ҷавоб доданро лоиқ ва сазовор намедонем. Баҳс баҳс аст. Ва ҳақиқат ягона. Ба хотири ин ба ягонагии ҳақиқат ҳамаи мо бояд эҳтиром қоил шавем. Касоне, ки аз ин қоида сарпечӣ мекунанд, лоиқи ворид шудан ба ин майдон нестанд.”

Дар идома кормандони Марказ журналистони хабаргузориҳои «Озодагон», «nahzat.tj» ва «Тоҷнюс» -ро дар истифодаи усули ғайриҳирфаӣ ва иғвоангез муттаҳам карда, таъкид мекунанд, ки “барои паҳн намудани иттилоот тарафи дигарро низ бояд пурсид, то ки ба баҳси бавуҷудомада равшанӣ андозад.”

Ин таъкиди кормандони марказ дар ҳолест, ки матлаби мавриди интиқодашон-“Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!” сартопо дар асоси изҳороташон аз 1-уми декабри соли 2014 таҳия шудааст ва дар ҷое аз ин матлаб таъкид нашудааст, ки кормандони ин Марказ муаллифи тамоми матолиби зиддинаҳзатӣ мебошанд.

Изҳороти кормандони Марказро аз 1-уми декабри соли равон бетағйир пешниҳоди хонандагон мекунем, то бо матлаби нашркардаи “Озодагон” муқоиса ва худ қазоват кунанд:

Муҳтарам, Кабирӣ!

Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки як гурӯҳе, ки дар назар доред, кормандони илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошанд.

Тӯли моҳҳои охир мақолаҳое, ки кормандони ин марказ навишта бо чоп расониданд, моҳияти илмӣ-оммавӣ дошта, онҳо фақат дар натиҷаи омӯзишҳои амиқи илмӣ омода гардидаанд. Ин кормандон мисли шумо сиёсатмадор нестанд ва ба ягон ҳизбу ҳаракате ҳам вобаста нестанд. Онҳо ҷаҳонбинии илмиро тарғиб мекунанд ва соҳиби унвон ва ихтирооти илмӣ ҳам ҳастанд. Ду нафари онҳо дар донишгоҳҳои Олмон рисолаҳои доктории худро дифоъ кардаанд, дигар кормандон номзади илм, дотсент ва хатмкардагони аспирантураи кишвар мебошанд.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ 1 июни соли 2014 дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. “Ҳадафи аслии Марказ тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ ва омӯзиши равандҳои муосири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, оянданигарии илму технологияи пешқадам ва роҳу усулҳои амалигардонии ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳои илмӣ мебошад. Ин иқдом ба хотири таҳкими арзишҳои дунявӣ ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.” Чунин омадааст, дар Ойинномаи Марказ. Аз ин нуқтаи назар, муҳтарам Кабирӣ мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.

Аммо Шумо ва ҳаммаслакони Шумо омода ҳастед, барои навиштаҳо, гуфтаҳо ва наворҳои худ дар назди ҷомеа ва қонун ҷавоб гӯед?

Изҳороти Шумо дар назди муҳоҷирон (“Корманди соҳаи илм ё идеологи ҳизби сиёсӣ?!”; www.nahzat.tj/13531-akademic-e-ideologi-izbi-sies.html) дар чанд маврид хилофи муқаррароти қонун ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Пеш аз ҳама, кормандони Маркази зикршуда масъули наворҳои дар назардоштаи Шумо нестанд. Шумо дидаву дониста, бо чунин усулҳои ғайримуносиб ва зидди меъёрҳои одилонаи муборизаи сиёсӣ ба обрӯи Марказ ва Академияи илмҳои ҶТ латма ворид месозед, чуноне ки дар гузашта наҳзатиҳои Шумо дар нисбати маҳфили «Ҷаҳони андеша» карда буданд.
Оё Шумо омода ҳастед ба ин иддаои худ дар назди додгоҳ ҷавоб гӯед?

Мо ҳама таҳқиру тавҳин, такфир ва билохира ин туҳмати рӯйрости Шумо ва ҳаммаслакони Шуморо то ҳанӯз таҳаммул кардаем. Магар таҳаммулпазирии Шумо ҳамин аст?

Баъдан он чӣ Шумо дар назди муҳоҷирони тоҷик аз номи «миллат ва модари тоҷик» сӯйистифода мекунед ва бо ин роҳ мехоҳед эҳсос ва боварии онҳоро барои манфиатҳои худ ангеза диҳед, худ як гуна ҷиноят нест магар? Ҳизби Шумо аз ин усул дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ истифода мекард. Наворҳои пешазинтихоботӣ ва амри маъруфи пешвоён ва тарафдорони ин ҳизб моломоли чунин усули зиддиинсонӣ ва хилофи қонунҳои дунявӣ аст. Марказ дар симои ҳизби Шумо, ки зиёда аз чиҳил сол фаъолият дорад, ба ғайр аз ҷангу ситез, бо куфр тамға задан, таҳқиру тавҳинҳои бешумор кардан, дигар навъ чеҳраи инсониро, ки ҳувияти миллати тоҷикро бисозад, намебинад. Ин ҳизб бояд барвақт аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик барканор мешуд, аммо бо шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна боқӣ мондааст. Аммо ҷомеаи тоҷик бояд тасмим гирад, ки чунин чеҳраҳои ифротгар ва тавтиаангезро ҳар чӣ зудтар аз фазои сиёсӣ берун созад, зеро бо ҲНИТ миллати тоҷик дар оянда наметавонад, як қадам ба пеш равад. Ҳизби Шумо таҷассумгари симои миллати тоҷик нест ва дар оянда ҳам нахоҳад буд. Таҷрибаи вуҷуд доштани ҳизбҳои сиёсии динӣ дар Афғонистон, Покистон ва Ховари Миёна нишон дод, ки ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳамеша ҷомеаро ноором сохта, ба ҷангу хунрезӣ ва нооромии кишварҳо, минтақаҳо ва ҷаҳон оварда мерасонанд. Ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон гузашт ва амалиётҳои ҷангие, ки аз тарафи ҲНИТ анҷом дода шуд, камтар аз Толибон ва ДИИШ-и имрӯза набуд.

Мо омода ҳастем барои ин гуфтаҳои худ низ бо далелҳои илмӣ дар пеши ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонӣ ҷавоб гӯем.

Бисёре аз гуфтаҳо, навиштаҳо, наворҳо ва амалҳои Шумо характери ифротӣ доранд. Мо аз мақомоти дахлдори давлати Тоҷикистон талаб менамоем, ки ба ин масъала расидагӣ кунанд. Таҷрибаи таърихии башарият нишон дод, ки омезиши дин бо сиёсат ҷомеаҳоро аз пешрафт боз медорад. Аз ин рӯ, мо набудани ҳизбҳои диниро дар ҷомеа имрӯз ва оянда низ пайгирӣ мекунем ва ҷомеаро аз ин хатар огоҳӣ медиҳем. Ин муносибати мо ғаразнок нест, балки таҷрибаи инсонӣ онро собит кардааст.

Боз ҳам ба маълумоти Шумо бод, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат иборат аз Маркази мо нест. Дар сохтори АИ ҶТ даҳҳо институтҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм вуҷуд доранд. Шумо дар ин кор ворид нестед ва аз ин рӯ, салоҳият надоред, дар бораи тарз ва сифати кори онҳо қазоват кунед. Чунин қазовати Шумо қазовати ғаразнок ва бадномкунандаи миллату илм мебошад.

Ба иттилои Шумо расониданием, ки солҳои охир дар Академияи илмҳо нафароне пайдо шудаанд, ки аз идеологияи пешгирифтаи Шумо ҳимоят ва ҳидоят мекунанд. Махсусан, кормандони алоҳидаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба ҷои таҳқиқоти илмӣ дар бораи масъалаҳои мубрами ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон ба тарғиби фарҳанги туркӣ дар зери ниқоби «Исломи таҳаммулпазирии Фатҳулло Гулен» тарғиб ва фазосозӣ мекунанд. Дар мавриди таблиғи идеологияи исломи туркӣ кормандони ин муассиса чандин мақолаву китобҳои алоҳида низ навиштаанд. Шояд Шумо бо хондани ин китобҳо ва мақолаҳо илҳом гирифта аз Эрдуғон ва Гулен роҳи туркиро васф ва онҳоро пайравӣ мекунед.

МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ РАВАНДҲОИ МУОСИР ВА ОЯНДАНИГАРИИ ИЛМИИ АИ ҶТ, 1 декабри соли 2014
Мӯҳр
Дарвеш
То байни хамдигар кашмакаш намуда бачое мерасем мегуед, ки ногох мебинед аз хама охир рафта истодаед. Илтимос ба умеди сарзаниши якдигар нашуда барои баланд бардоштани иктисоди кишвар кушиш кунед....

Мухтарам МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ РАВАНДҲОИ МУОСИР ВА ОЯНДАНИГАРИИ ИЛМИИ АИ ҶТ! Аз навиштани ин макола ягон бонус пайдо намекунед. Ба хамагон алакай маълум шуд, ки шумо ва кормандони шумо чи максадро пайгири менамоед. Сухан парранда нест, аз дахон баромад онро капида намешавад. Пеш аз накшахои худро амали кардан, бояд фикр намуд. Маълум мешавад, ки пули мо шахвандон бехуда сарф мещавад. Модоме ки аз дастатон коре ба нафъи чамъият намеояд худро хамчун як "марказ" нашуморед ва бехтараш бархам дода шавед. Савсатагуиро бас кунед ва ба омузиши равандхои муосир ва оянданигарии илм дар Точикистони азизамон шавед! Сиёсат мадори шумо нест. Президенти кишвар ва хизбхо обухаворо дар сиёсат пеш мебаранд, на шумо! Бисёрихо аз Точикистон дар хорича рисолаи илмии худро дифоъ менамоянд, аммо ин маънои онро надорад, ки вазъро дар ватан бо чунин икдом ноором бояд сохт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)