Огоҳии охирини Убайдуллоев: Хилофкоронро ҷазо диҳед!
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт дастур додааст, ки назорат аз болои партофтани партовҳоро пурзӯр кунад.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев супориш додааст, ки ҳафтаи равон дар тамоми нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо овезаҳои иттилоотиро насб карда, дар онҳо шаҳрвандонро аз талаботи қонунгузорӣ ва муҷозоти пешбинишуда нисбати хилофкорон огоҳ намоянд.
Раиси Душанбе инчунин дастур додааст, ки аз ҳисоби ихтиёриёни Раёсати ҳифзи муҳити зист дар нуқтаҳои ҷамъоварии партов навбатдорӣ роҳандозӣ шавад ва дар сурати дар ҷойҳои муқарраршуда напартофтани партовҳои сахти маишӣ, шахсони хуқуқию воқеии дастандаркор тибқи қонун ба ҷазо кашида шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |