Бахшҳо
03 дек 2014 14:03Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Қосими Бекмуҳаммад: Чин барои ризои Худо хайр намекунад

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Нуфузи рӯ ба густариши иқтисодии Чин дар Тоҷикистон, нигарониҳоеро дар бораи вобастагии кишвар аз Пекин эҷод кардааст. Қарор аст тайи се соли оянда Пекин ба иқтисоди Тоҷикистон 6 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Дар бораи паёмадҳои равобити Тоҷикистону Чин хабарнигори Озодагон бо Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа суҳбате орост ва нахуст пурсид, ки ҳузури рӯзафзуни Чин дар Тоҷикистон барои кишвари мо чӣ паёмаде хоҳад дошт?

Қосими Бекмуҳаммад: “Афзоиши ҳузури Чин иттифоқе нест, ки фақат хоси Тоҷикистон бошад. Дар дигар кишварҳои минтақа низ шоҳиди густариши беш аз пеши нуфузи иқтисодии ин ҳамсояи худ ҳастем. Тайи ду даҳаи ахир мубодилаи бозаргонии байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз сад баробар рушд кардааст, ки ҳеч тарафи хориҷии дигари минтақа аз чунин муваффақияте бархӯрдор нест. Агар имрӯз гардиши колои миёни ҷумҳуриҳои минтақа бо Пекин ба 46 миллиард доллар расидааст, пас дар ояндаи начандор дур шоҳиди аз марзи 50 миллиард доллар ҳам убур кардани он хоҳем буд. Чин хилофи бархе аз шарикони роҳбурдии Осиёи Марказӣ аз иқдомоте, ки боиси афзоиши ихтилофи миёни кишварҳои минтақа шавад, парҳез менамояд.

Аммо дар робита ба паёмадҳои ҳузури рӯзафзуни Чин дар Тоҷикистон бояд гуфт, ҳамонгуна, ки сика ду тараф дорад, ин масъала низ дорои ҷанбаҳои мусбату манфист. Ҷанбаи мусбат ба он иртибот дорад, ки имрӯз сармоягузории Чин дар Тоҷикистон яке аз омилҳои муассири ҳифзи сатҳи рушди нисбатан матлуби иқтисодиву иҷтимоист. Чин танҳо кишварест, ки ҳамзамон дар бештари заминаҳои тавсеаи роҳбурдии Тоҷикистон ва аз ҷумла хуруҷ аз бунбасти иртибототӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ ҳузур дорад. Аз Чин таҷҳизот ва фанновариҳои нав ворид мешавад, машғулият ва ҷои кор фароҳам мегардад ва ғайра. Вале табиист, ки ҳеч кишваре фақат барои ризои Худо сармоягузорӣ намекунад. Пушти ҳар сармоягузорие манофеи молӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ қарор мегирад. Аммо ин ки мо то куҷо аз ин сармоягузориҳо метавонем ба сурати барномаӣ ва бо аҳдофи миллӣ истифода намоем, баҳси ҷудост. Дар ин росто вуҷуди фасоди идорӣ ва молӣ яке аз таҳдидҳои бисёр ҷиддӣ барои манофеи миллӣ ба шумор меравад.

Мутаассифона, дар ин замина вазъият нигаронкунанда буда, гузоришҳои солонаи созмонҳои марбутаи байналмилалӣ Тоҷикистонро дар радифи фасодзадатарин кишварҳои дунё қарор медиҳанд. Яъне дар масъалаи дарёфти сармояҳои миллиардии Чин хатаре, ки бисёр ҷиддист, фасодзадагии мансабдоронамон хоҳад буд. Ин масъала натанҳо боиси нороҳатии чиниҳо нахоҳад шуд, балки дастёбии онҳо ба аҳдофашонро ҳам осонтар хоҳад кард. Масалан, дар баъзе аз кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ ҳузури сармояҳои чинӣ боиси афзоиши сарвату дороиҳои хусусии мансабдорони ҳукуматӣ шудаву онҳоро ба лоббии манофеи Пекин табдил додааст.

Аз ин назар шояд фикр кардан дар масъалаи таъмини назорати ҷамъиятӣ бар чигунагии истифодаи ин сармоягузориҳои миллиардӣ ба нафъи кор хоҳад буд. Зеро фардо ҳатман ин сармоягузориҳоро бояд ба ҳамроҳи суди бонкиаш баргардонд. Аммо оё қудрати баргардондани онҳоро хоҳем дошт? Аз ин ҷост, ки маъмулан чиниҳо ба унвони замонати бозпас гирифтани сармояҳои худ тақозои вогузории саҳме аз захоири табиӣ, маодин ва канданиҳои фоиданоки кишварҳоро мекунанд. Ин масъала чанд сол пеш боиси сару садоҳои ҷиддӣ дар Қирғизистони ҳамсоя шуд ва мардум бо талоши “аждаҳои зард” барои дар ихтиёр гирифтани захоири табии кишварашон мухолифат карданд. Бинобар ин дар мавриди он ки ҳузури рӯзафзуни Чин бештар паёмадҳои мусбат хоҳад дошт ё манфӣ, наметавон бо қотеият ҳукм кард. Зеро дар айни ҳол натоиҷи он мусбат ба назар мерасад, вале дар дурнамо”.

Озодагон: Эҳтимол дорад, ки бо наздикшавии бештари Чину Тоҷикистон Русия ба шарики “дуюмдараҷа”-и Душанбе табдил шавад?

Қосими Бекмуҳаммад: Аз назари сармоягузорӣ ва ҳузури иқтисодӣ ин иттифоқест, ки рух додааст. Русия имрӯз натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҳоли вогузории тадриҷии ҷои худ ба Чин мебошад. Шиддат гирифтани ихтилофи назари миёни Маскаву Пекин дар дохили Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар масоили иқтисодӣ ва молӣ низ бо ин мавзӯъ иртибот дорад. Аммо Маскав бо қудрату тавоне, ки феълан дорад, наметавонад беш аз ин коре анҷом диҳад. Имрӯз худи Русия ҳам аз дарёфткунандагони вому қарзҳои Чин аст. Таҳримҳои ахири Амрико ва Ғарб алайҳи Русия тавони ин кишварро барои бозӣ кардани нақши фаъоли иқисодӣ дар Осиёи Марказӣ бештар маҳдуд хоҳад кард.

Вале бархилофи арсаҳои иқтисодӣ ва молӣ, дар дурнамои наздик ва миёнамуддат Русия ҳамчун муҳимтарин бозигари арсаи низомӣ ва амниятии минтақа боқӣ хоҳад монд. Ба ин далел аст, ки таваҷҷуҳи Маскав беш аз масоили иқтисодӣ ба масоили низомиву амниятии Осиёи Марказӣ равона гардидааст. Бо вуҷуди ин ҳама то замоне, ки беш аз 20 дарсади неруи кори фаъоли Тоҷикистон дар Русия ба сар бурдаву барои ҳифзи суботи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон саҳми мустақим мегузоранд, Маскав ҳеч гоҳе бо нақши “шарики дуюмдараҷа” розӣ нахоҳад шуд. Ин абзор имтиёзи хоси Русия аст, ки аз он дар сурати лозим истифода хоҳад кард”.

Озодагон: Тоҷикистонро “ҳаёт хилват”-и Русия меноманд ва Чин алакай дар он ворид шудааст, пас Кремлин Душанберо ҷазо хоҳад дод ва ё Тоҷикистон наметарсад, ки аз тарафи “бародари бузург”-аш муҷозот шавад?

Қосими Бекмуҳаммад: “Дар миёни коршиносони сиёсӣ аз ин таъбир натанҳо дар мавриди Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин манотиқи перомунии Русия истифода мекунанд. Аммо табиатан вақте “ҳаёти хилват” ба ҳоли худ раҳо мегардад ва ҳеч касе фикри нигоҳубинашро намекунад, чашмҳое ба сӯи он духта мешаванд. Ба ин далел қабл аз Чин Амрико ва Ғарб дар даҳаи 90 вориди ин “ҳаёти хилват” шуданд, вале чун хостаҳояшон демократия ва озодиҳои ғарбӣ мавриди қабули нухбагони ҳоким набуд, чандон муваффақ нашуданд.

Чин бархилофи дигар тарафҳои хориҷии Тоҷикистон ва минтақа сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии худро марбут ба иҷрои пешшартҳои сиёсӣ намекунад ва аз мудохила дар умури дохилии онҳо низ фосила мегирад. Ин масъала барои қишри ҳокими чӣ Тоҷикистон ва чӣ Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим буда, муҷиби афзоиши эътимоди онҳо ба раҳбарияти Чин шудааст. Ҳатто дар миёни нухбагони сиёсӣ ин зеҳният вуҷуд дорад, ки равобити танготанг ва то ҷое хусусӣ бо Пекин зомини бақои онҳо дар муқобили фишорҳои эҳтимолии дигар қудратҳо ба шумули Русия хоҳад буд. Аммо дар масъалаи “ҷазо”. Агар Русия омода бошад ба ҷои Чин ин сармоягузориҳоро анҷом диҳаду вале Душанбе напазирад, он гоҳ нороҳатии Маскав метавонист қобили дарк бошад. Вале на худ чунин ниёзҳоеро бароварда кунӣ ва на нагзорӣ, ки дигарон анҷом диҳанд, масъалаи “ҷазо” хеле бемаънӣ ва ғайриахлоқӣ хоҳад буд”.

Озодагон: Оё Чин дар сурати фишори Русия ё Узбакистон аз тарҳҳои муҳими энергетикиву сохтмонии худ дар Тоҷикистон даст хоҳад кашид тавре қаблан ин корро карда буд?

Қосими Бекмуҳаммад: “Неругоҳи “ Айнӣ” барои Чин таҷрибае шуд, ки баъди он аз саҳм гирифтан дар иҷрои тарҳҳои мавриди ихтилофи кишваршҳои минтақа парҳез намуд. Сиёсати феълии Пекин дар Осиёи Марказӣ кӯмак ба рафъи ихтилофҳо ва ё ҳадди ақал парҳез аз густариши доманаи онҳост. Ба ин далел аст, ки тақрибан ҳузури Чинро дар тарҳҳои бунёди неругоҳҳои бузурги Тоҷикистону Қирғизистон намебинем. Тарҳҳои дигаре, ки Чин дар кишвари мо анҷом медиҳад, мавриди нигаронии хоси Узбакистон ва ё Русия нест”.

Озодагон: “То куҷо манфиати миллат ва наслҳои оянда дар робита бо Чину Русия ба инобат гирифта шудааст ва мешавад?

Қосими Бекмуҳаммад: “Ҳам Чин ва ҳам Русия шарикони роҳбурдии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ҳар ду кишвар ҳам бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои миллии худ амал мекунанд. Барномаҳои Чин бо аҳдофи дарозмуддат дунбол мешаванд, ки даҳсолаҳои ояндаро мадди назар дорад. Дастёбӣ ба захоири табиӣ, обу энержӣ, масирҳои ҳамлу нақл ва ғайра ин кишварро дар дурнамо дар қиёс бо дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар вазъи бартар қарор хоҳад дод. Русия низ мақсадҳои мушобеҳе дорад, вале зарфиятҳои маҳдуди иқтисодӣ ва молӣ монеи амалӣ гардидани онҳо шудааст. Аммо дар муқобили ин аҳдофи Чин мо чӣ барнома ва стратегияи миллии возеҳу равшан ва мавриди таъйиди мардумро дорем? Шаффоф гардидани фазо дар ин замина ба равшан шудани ин масъала, ки дар ин доду ситадҳо то куҷо манофеи наслҳои баъдӣ мадди назар қарор гирифта шудааст, кумак хоҳад кард”.
Мӯҳр
Said
Sad ofarin tahlili bisyor xub va oli bud.

Фарходи Некандеш
Тахлили Косими Бекмухаммад дар мавриди дурнамои равобити Чину Точикистон ва вокуниши эхтимолии Масква ба ин раванд, мантики ва вокеъбинона ба назар мерасад. Кош сафи чунин сохибназарон дар Точикистон афзуда мегардид. Дастандаркорони хабаргузориро лозим аст ин мусохибаро ба руси баргардон ва дар сайташон чой намоянд ва бовар дорам, расонахои Русия ва минтакаи Осиёми Миёна аз он барои худ истифода мекунанд.

дилшод
Ояндаи кишвари бесохибамон хатман яке аз вилоятхот Чин хохад буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)