Бахшҳо

1800 $ барои гирифтани имзои Убайдуллоев

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як масъули ин ноҳияро, ки барои гирифтани қарору имзои зарурии Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сокини Душанбе 1800 доллари амрикоӣ гирифтааст, 20 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, барои ду сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум намуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод сокини шаҳри Душанбе, Раҳимов Бахтиёр ҳанӯз моҳи майи соли 2012 ба маҳкумшуда - Каримов Қобилҷон муроҷиат карда, дар мавриди тарзи оғоз намудани сохтмони манзили истиқоматӣ дар замини назди ҳавлигиаш, воқеъ дар кўчаи Нодира №63 маслиҳат пурсидааст: “Каримов ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии Раҳимовро гирифта, иброз намудааст, ки масоҳати замини манзили истиқоматиаш дар шаҳодатнома 400 метри мураббаъ ва дар шиносномаи техникии манзили истиқоматиаш 950 метри мураббаро ташкил медиҳад.”

Ӯ ваъда додааст, ки ба ивази 1800 доллари амрикоӣ қарору имзои лозимии раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоевро мегирад ва дар асоси он Раҳимов метавонад сохтмонашро оғоз кунад. Манбаъ мегӯяд, Каримов Қобилҷон дар назди варзишгоҳи Спартак 1800 доллари амрикоиро гирифта, ба таври сохтакорӣ дар шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк рақами «400,0м2»-ро ба рақами «950,0 м2» иваз менамояд.

Додгоҳ мегӯяд, дар натиҷаи ифшои сохтакорию қаллобиҳо Каримов ба андозаи панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муҳлати 2 сол маҳрум шуд.
Мӯҳр
no name
Xudoro wukr ygon mullo nabuday vagarna 5sol zindoni mewud

Соли 94 се хазор доллар медодам барои ин имзо

аҳмад
тағаш зур будай қамаш накардан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)