Бахшҳо
03 дек 2014 09:50Тоҷикистон / Сиёсат

Суръати марговар

Атохон Ғаниев, рӯзноманигор

Ҳамасола дар дунё тақрибан 1 миллион одам дар садамаи автомобилӣ ҷони хешро аз даст медиҳанд. Ҳар сол дар ҷаҳон зимни бозгашт аз мактаб 500 кӯдак дар зери чархҳои автомобил монда, ба ҳалокат мерасанд.

Ин нуктаро котиби генералии СММ Пан Ги Мун зимни баргузории рӯзи ёддошти қурбониёни садамаи автомобилӣ изҳор дошт. Ба гуфти роҳбари СММ, садамаҳои автомобилӣ боиси қурбонии садҳо ҷавонони аз 15 то 29 сола мегардад.

Инчунин, миллионҳо одамон пас аз садама маъюби якумрӣ мешаванд, изҳор намуд Пан Ги Мун.

Аммо на ҳар ронанда медонад, ки аз сабаби саҳлангорию бепарвоӣ ва ё худнамоию ҷоҳилии ӯ ва надонистану риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби ӯ, гар сабабгори садамае шуд, пас ӯ ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират масъулияти калоне бар дӯш хоҳад дошт..
Мушоҳида мешавад, ки аксари ронандагон зимни ҳаракат дар роҳҳои Душанбе, бинобар надонистани қоидаҳои ҳаракати роҳ, мошинро, хеле бо суръати баланд идора мекунанд ва ҳар лаҳза хавфи садамавиро ба вуқӯъ меоранд.

Бисёре аз ронандагон худ иқроранд, ки шаҳодатномаи ронандагиро тавассути маблағ ба даст овардаанд. Пас оё метавон аз чунин ронандаи бесавод, риояи ҳатмии бехатарии роҳро талаб кард, дар ҳоле ки ӯ аз ин ҳатто огаҳии сарсарӣ надорад?

Дар садамаҳое ки аксари рӯзҳо рӯй медиҳанд, пиёдагардон ҳам сабаб мешаванд. Бо вуҷуди мавҷудияти роҳҳои зеризаминӣ, аз миёни роҳ гузаштан, вақти сурх будани чароғаки раҳнамо низ раҳро убур намудан ва ё барқасд, аз пеши роҳи нақлиёти ҳаракаткунанда баромадани пиёдагардон, гоҳо боиси фалокати ҳалокатбор мегардад.

Ҳар як фалокат, шояд сабаби марги нафаре, маъюбӣ, ятим мондани кӯдакон, хисороти зиёди моддию маънавӣ гардида, доғи андуҳу мусибат ба дилҳо боқӣ хоҳад гузошт.

Аммо, каме аз ронандагон зимни сари чамбараки мошин нишастан дар ин маврид фикр мекунанд. Агар ин тавр намебуд, новобаста аз ҳузури мусофирони зиёд дар мошин, байни ҳам “мусобиқаи ку, кӣ тезтар?” ташкил намекарданд...

Дар паси баъзе аз мошинҳо навиштаҷоти аҷибе ҳаст: “Оҳиста рон! Туро дар хона мунтазиранд.”

Аммо бархе аз ронандагон маънии ин гуфтаҳоро замоне мефаҳманд, ки дигар эҳтиёҷ ба оҳиста рондан нест...
Мӯҳр
Офарин Офарин Офарин ман онкадарку тез намеронам лекин боз ин насихати шуморо ба худ дарси ибрат гирифтам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)