Ҳукумати Миср барои тоҷикон дар Қоҳира замин ҷудо кард
Вазорати манзилию коммуналии Миср аз ихтисоси 4 ҳазор метри мураббаъ замин барои бунёди бинои нави сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар хабар медиҳад.
Мустафо Мадбулӣ, вазири хоҷагии манзилию комуналии Миср мегӯяд, барои бунёди бинои нави сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Қоҳираи нав 3 ҳазору 999 метри мураббаъ замин ҷудо кардааст.
Шаҳри Қоҳираи нав дар муҳофазаи Қоҳира ҷойгир буда, яке аз бузургтарин манотиқи навбунёди Миср ба шумор меравад, ки сохтмони он соли 2001 ба поён расидааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Миср моҳи феврали соли 2007 дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳри Қоҳира ифтитоҳ шуда, он замон нахустин сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ба шумор мерафт. Муносибатҳои Тоҷикистону Миср моҳи феврали соли 1993 барқарор шудаанд ва ин кишвар аз миёни давлатҳои арабӣ нахустин шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро он замон эътироф карда буд.Дар акс: Бинои ҳозираи сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |