150 000 $ - арзиши афви Муаттара Ҷураева
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева, наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки 13 октябри соли равон ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт гардид, иқрор кардааст, аз чанд нафар маблағ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ маблағи гирифтаи Муаттара Ҷӯраева беш аз 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар сурати баргардонидани ин маблағ тибқи қонуни нав афв ва озод хоҳад шуд.
Қаблан Оҷонсӣ бо пахши иттилоияи расмӣ гуфта буд, Муаттара Ҷӯраева аз моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ бо номи “Санавбар” дар Душанбе аз афроди гуногун қарз гирифта барнагардондааст. Аз ҷумла ба гарави ҳуҷҷатҳои хонаи зисти шаҳрванд Муллоев Н.А. 24300 доллар гирифта, дар таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ харҷ намудааст ва то ҳол на қарзу на ҳуҷҷатҳои хонаро барнагардонидааст. Ин ниҳод мегӯяд, Ҷураева инчунин қарзҳои дигар ва ҳаққи сохтмончиёне, ки дар тарабхонаи ба иҷорагирифтааш кор мекардаанд, надодааст. Баробари ин маблағи қолинҳои аз бозори Султони Кабир гирифтааш, ки ҳудуди 3370 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барнагардондааст.
Оҷонсии мубориза мегӯяд, дар сурати пардохти ин ҳама маблағҳо собиқ ситораи телевизион озод хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |