Генерал Раҳимзода фармони таъини раиси нави Хоруғро қироат кард
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ фармони нави раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро қироат кард, ки тибқи он Қимматгул Алибердиева раиси нави шаҳри Хоруғ таъин гардид. Алибердиева дар гузашта ба ҳайси ноиби аввали раиси Кумитаи занон ва муовини раиси вилояти Бадахшон фаъолият доштааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи қироати фармони нави раисиҷумҳур, ки 2-юми декабри соли 2014 содир шудааст, Раҳимзода бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар бораи зарурати баланд бардоштани нақши зан ва пешбарии онҳо ба мансабҳои давлатӣ суҳбат кард.
То ҳол раҳбарии шаҳри Хоруғро Фаромуз Имомбердиев ба уҳда дошт, бо фармони нави раисиҷумҳур ба вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии Дастгоҳои Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ қаблан бо нашри матлабе мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро дар сар задани ҳаводиси моҳи майи соли ҷорӣ дар ин минтақа то ҷое айбдор донистааст. Вай дар матлабе, ки дар “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, ба чоп расонд, гуфта буд, дар ҳодисаи 21 майи шаҳри Хоруғ, ки 5 нафар кушта бар ҷой гузошт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар беайб нестанд.
Ба гуфтаи Имомбердиев, баргузории чунин як амалиёт дар рӯзи равшан ва дар маркази шаҳри Хоруғ аз бесалоҳиятии мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ хабар медиҳад. “Дар рух додани қазияи моҳи майи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд. Онҳо то андозае бесалоҳиятии худро нишон доданд. Набояд дар рӯзи равшан, дар маркази шаҳр, дар байни издиҳоми мардум амалиёти боздоштро пиёда мекарданд”,-навишта буд, собиқ раиси шаҳри Хоруғ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |