Аслов: Ихтилоф бо ҳамсояҳо монеаи рушди гидроэнергетика аст
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, кишвари мо дар муносиботи хориҷӣ “сиёсати дарҳои боз”-ро пеш гирифтааст ва моил аст, манофеъ ва муносиботи дустонаи худро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, ба хусус, бо ҳамсояҳои худ тавсеа диҳад.
Аслов дар суҳбат бо расонаи амрикоии “The Worldfolio” изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба далели мавқеи ҷуғрофияш, ки дар маркази Осиё қарор дорад, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва ҳавасманди ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои дуру наздики ҷаҳон аст.
Ӯ таъкид намудааст, ки бо вуҷуди ҳавасмандии Душанбе барои густариши ҳамкорӣ, дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои истифодаи об миёни кишварҳо ихтилофот вуҷуд доранд, ки монеаи истифодаи захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон мешаванд: “Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба далели ихтилофот миёни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи обу рушди энергетикаи обӣ мушкили сиёсӣ ва ҳам моливу иқтисодӣ дорад. Ин шароит барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунад.”
Ин дар ҳолест, ба гуфтаи Аслов мардуми Тоҷикистон зимистонро дар шароити камбуди шаддиди барқ паси сар мекунад: “Бинобар ин Тоҷикистон масъалаи таъмини барқ, берун рафтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаро аз ҳадафҳои стратегии худ қарор додааст”.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон инчунин густариши ҳамкорӣ бо ИМА-ро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ хонда, аз ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисодӣ, амният, таҳсилот ва тақвият додани институтҳои демократӣ истиқбол намудааст. Ӯ таъкид намудааст, ки дар умури низомӣ Тоҷикистон ва Амрико барои беҳбуду таҷҳизонидани нерӯҳои марзбонӣ дар сарҳад бо Афғонистон ҳамкории зич доранд: “Инчунин кӯмаки Тоҷикистон барои транзити нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон барои бозсозии субот дар Афғонистон ва эҷоди бозор дар самти шимол-ҷануб мусоидат мекунад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |