Бахшҳо
02 дек 2014 09:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хонанда: Ба ҷои бадномкуниҳо нолозим будани диндоронро исбот созед

Як корбари торнамои хабаргузории “Озодагон” зери хабари “Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!” шарҳ навишта аз бархе кормандони Академияи илмҳо гила кардааст. Хабари мазкур дар пояи изҳороти кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба райиси ҲНИТ чоп шудааст.

Шарҳи ин хонанда, ки бо номи “Дӯст” ирсол шудааст чунин аст:

“Ба академисянҳои секулори кишвар! Ба ононе ки гӯиё рӯй аз Худованди осмонҳову замин ба сӯи худои соъатии худ овардаанд. Худованди сохта ва дуруғини худ! Айнан ҳамон кореро, ки дар тӯли торихи вуҷудии башар фиръавнҳову намрудҳо ва чандаке пеш Гитлеру инсутар Сталин карда буданд. Кореро, ки имомаш иблис асту оғози амраш аз ибтидои офариниши инсон!

Ба ононе ки калимоте чанд аз “илм”, пароканда ва тутивор дастомӯз гаштаанду ҳоли аз ҳаргуна муқаддасот даъвии маърифат доранд. Идомадиҳандагони кори сармураббиашон, ки саропо кибр буду аз фармони Худояш ҷиҳати саҷдаи такрим дар баробари шарофати инсон гардан зад. Иноне ки бо номи Худованд ва пайравони ростини китоби Ӯ ва ҳам дӯстдорони паёмбари Ислом дар тохтутозанд. Магар шумо ҳанӯз ба Худои Муҳаммад (с) эмон наёвардаед? Ба Қурони Карим, ки охирин паёми Офаридгор асту ҷаҳони илм дар баробараш зонуи адаб зада аст, шак доред? Оё шумо касоне нестед, ки даъвои илму мантиқ менамоеду рутбаҳои буланхонадори профессор ва академикро ба худ ҳак задаед? Пас куҷост ҷасорату ғайрати шумо. Дар кадом мактаб омӯхтаед ин навъи муборизаро?

Беҳтар набуд, ҷои ингуна муборизаҳои номардона ва кӯдакона, майдоне барои гуфтугӯ ва муколима боз менамудед. Мардуми тоҷик, фарзандони Рӯдакии диндору Буаливу Саъдиву Ҳофизу Мавлоно ва Мулло ва ё Мавлоно Абдураҳмони Ҷомии Хуросонӣ ба осонӣ хубро аз бад метавонанд ҷудо созанд. Даъват кунед ба гуфтугӯи озод ва рӯбарӯи телевизионӣ ва суҳбат ороед бо ҳамин Кабириву ҳазорон Кабириҳои дигаре, ки ҳанӯз яке аз ҳазорашро дидаед.

Ба ҷои ин ҳама туҳмату бадномкуниҳо ва намоиши ёфтаҳои камназир ва таҳқиқоти аҷибу ғариби кайҳонӣ, хубтар нест рӯи барномаҳои бо ном муколама, аз ҲНИТ даъват намоеду дар баробари чашми мардум нолозим будани онҳо (диндорон) ва зарурати вуҷуди худро исбот созед?
Мардум бошад, қазоваткунандаи хубе ҳаст.

Агар ин корро намекунед, пас огоҳ бошед, ки ин кибри шумо ҳамонанди ҳамон кибре аст, ки аз таъзими шарофати инсон ӯро боз дошта буд.
Дар охир ба якояки шумо орзӯи саломатӣ ва озодагӣ дар зиндагиро дорам”.
Мӯҳр
ИЛХОМИ
Боз такроран мегуям, ки Худованд ба хизб ниёз надораду ба Оллох бо дил наздик будан зарур аст. Аъзои хизб будани шумо маънои наздик будан ба Худоро надорад

Хакгуй
Мо имруз аз насли аз 60-сола поён олим надорем. Дорем, хангомачуёнеро, ки "калимоте чанд аз “илм”, пароканда ва тутивор дастомӯз гаштаанду ҳоли аз ҳаргуна муқаддасот даъвии маърифат доранд".

Озод
Ин чи бемаънеги буд? Ин суханони беасоси содалавхонаро хар кудак хам мегуяд. Бо Худо гуфтанатон хатохоятон ислох намешавад. Хол он ки хазор бедин баробари як ба ном "Худопараст" ба имичи Худо латма назадаст. Шумо дар пушти бовархои дуругини худ, миллионхоро куштед ва холо хам агар имкон ёбед мекушед. ДИИШ намунаи хубе аз шумо аст. Кудак барин хар хубиеро дидед аз худ мекунеду бадихоро ба дигарон нисбат медихед.
Худоё моро аз тухмати ба ном "Худопарастон" нигах дор!

Бародар суханони шумо сад дар сад хаканд аммо мафкурае лозим, ки ин суханхоро дарк кунад мардуми Точик бегона парасти худ пастзан хастанд аз базе шарххо наранчед чунки инхо худашон тавони сухан гуфтан надоранд ланганбардоранд метарсанд ва мафкураи хуб надоранд чунки падаронашон хам хамин хел буд
Озодагон илтимос чоп кунед!

Максуд
Бояд ХНИТ фаьолияташ дар Точикистон кать карда шавад. Аз он сабаб,ки ин хизб на ба русхо маькул хасту на ба чину на ба гарб. Ва ХНИТ дар ном хизби мухолиф мебошад. Бояд дар майдони сиесат хизби наве ба вучуд биеяд,ки тамоми мардум аз он чонибдори кунанд. Ба монанди хизби ТОЧИКИСТОНИ НАВ ва е дигаре. Дар муддати 23 сол ХНИТ ягон манфиатхои мардумро химоят карда натавонист ва нахохад кард.

Абдулло
ИЛХОМИ,

Ба бародар ИЛХОМИ. Дусти азиз! Номи Худои мехрубон АЛЛОХ аст на Оллох.
Дар бораи хизб бошад, каме бештар китоби мукаддаси Куръонро мутолеъа намо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)