"Муҳаммад" - сархати феҳристи маҳбубтарин номҳо дар Бритониё
Номи паёмбари Ислом – Муҳаммад (с) дар соли равон сархати маҳбубтарин номҳои мардона дар Бритониёи кабир қарор гирифтааст.
Нашрияи “Daily Mail” бо нашрия як матлаб эълон кардааст, ки дар соли 2014 номи “Муҳаммад” нисбат ба соли гузашта дар феҳристи маҳбубтарин номҳо 27 радда боло рафта, дар мақоми аввал қарор дорад.
Ин нашрия мегӯяд, солҳои ахир таваҷҷуҳи сокинони Бритониё, Ирландияи шимолӣ ва Исландия ба номҳои исломӣ нисбат ба номҳои миллии хеш, аз ҷумла Оливер, Ҷек, Ной, Гарри, Чарлӣ ва Ҷеймс афзоиш ёфтааст.
“Daily Mail” такя ба қавли Сараҳ Редшав, сармуҳаррири расонаи “Babycentre” далели афзоиши таваҷҷуҳи сокинони ин кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Бритониёро дар рушд кардани фарҳанги гуногунӣ ё худ танаввуъ хондааст. “Зиёд шудани таваҷҷуҳи сокинон ба номҳои исломӣ нишонаи рушди гуногунии фарҳангии ин кишвар аст. Дар баробари номи Муҳаммад инчунин номҳои мардонаи Умар, Алӣ ва Иброҳим низ зиёд машҳуранд.”- гуфтааст Сараҳ Редшав
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |