Якшанбе, 6 Апрел 2025
Сафари чаҳоррӯзаи Ашрафғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ба Лондон
Ашрафғанӣ Аҳмад, раисҷумҳури Афғонистон дар садри як ҳайати баландпояи мақомоти кишвараш озими Аврупо шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Афғонистон, сафари Ашрафғанӣ Аҳмад ба Аврупо рӯзи 1 декабр оғоз шуда, интизор меравад, то як ҳафта тул кашад.
Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури Афғонистон худи имрӯз ба хотири иштирок дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ ё худ НАТО вориди шаҳри Брюсел мешавад.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Афғонистон илова кардааст, ҳайати баландпояи ин кишвар таҳти раҳбарии Ашрафғанӣ рӯзи 2 декабри соли равон барои анҷоми як сафари чаҳоррӯза вориди Лондон мешавад. Ба қавли манбаъ, дар ин сафар Аҳмадро доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ, Абдуррашид Дустум, муовини аввали раисҷумҳур, раиси Додгоҳи олӣ ва чанд тан аз вазирон ва намояндагони Шӯрои миллии Афғонистон ҳамроҳӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |