ҲНИТ шаҳрдориро ба додгоҳ мекашад
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, барои тахрибкорӣ ва надодани ҷубронпулии дафтари тахрибшудаи ҳизб дар Хуҷанд аз болои шаҳрдории он ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. ҲНИТ иддао дорад, ки мақомоти шаҳрдории Хуҷанд бо ҳар баҳона аз додани қитъаи замин ва ҷуброни дафтари пешини тахрибшудаашон “сарпечӣ” мекунанд.
Дафтари матбуоти ҲНИТ мегӯяд, дар номаи ҷавобии Абдуллоев Д, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ба муроҷиатҳои батакрори ин ҳизб омадааст, ки онҳо айни ҳол қудрати пардохти ҷуброни дафтари тахрибшударо надоранд: “Ҷиҳати пардохти арзиши бино айни ҳол дар буҷети маҳаллии шаҳр маблағҳои озоди буҷетӣ нокифоя мебошанд ва дар ҳолати пайдо гардидани доираҳои иловагии буҷети маҳаллӣ аз тарафи Раёсати молияи шаҳр маблағи бино пардохт карда мешавад.”
Дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замин барои дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд, Абдуллоев афзудааст, ки ҷойгир намудани ҳама гуна бинову иншоот танҳо дар асоси нақшаи генералӣ сурат мегирад ва бар асоси нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикисто аз 2 октябри соли 2010, №479 тасдиқ гардида буд, бинои маъмурӣ барои ҲНИТ пешбинӣ нагардидааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ 42 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд. Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад.
Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |