Президент санаи интихоботи парлумониро дақиқ мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон то миёнаҳои моҳи декабр санаи баргузории интихоботи парлумонии соли 2015-ро дар кишвар муайян мекунад.
Тибқи иттилои масъулини Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, аз рӯи қонун Эмомалӣ Раҳмон бояд санаи интихоботи ҳайати нави парлумонро 75 рӯз пештар аз анҷоми салоҳиятҳои парлумони амалкунанда дақиқ кунад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба масъалаи интихоботи оянда дахл карда, хостори пешниҳоди бештари номзадҳои ҷавон ва занон дар интихоботи ояндаи парлумонӣ шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар пайи таҳлили натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2010 ва интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 ба масъулини ҳизби ҳоким дастур додааст, дар ҳавзаҳое, ки овози камтари мардумро гирифтаанд, корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гарданд. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки аъзои ҳизбаш дар Душанбе фаъолтар шаванд, чун маҳз дар Душанбе аҳзоб ва нерӯҳои алоҳидаи сиёсӣ талош доранд, нуфузро ба даст биёранд.
Дар ҳамин ҳол ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон азмашонро барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ баён дошта, наҳзатиҳо бо ҳудуди 40 номзад ва коммунистҳо 17 нафар нияти вуруд ба корзори интихоботро доранд.
Масъулини Комиссияи интихобот мегӯянд, барои гузарондани интихоботи шаффоф дар ҳамаи 68 шаҳру навоҳии кишвар омодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |