ВИДЕО: Оташсӯзии назди бозори “Панҷшанбе”. Аз “А” то “Я”
Сӯхтори шаби 15 ба 16 ноябри соли равон дар марказҳои савдои канори рости бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд беш аз 70 дӯконро бо молу маҳсулоташ ба “ком”-и худ кашид.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхторро ихроҷи гази моеъ дар ошхонаи “Ханиф” гуфта, масоҳати умумии оташсӯзиро 800 метри мураббаъ ва зарари расидаро 994000 сомонӣ ҳисоб кард. Дар пайи ин сӯхтор соҳибкорони зиёде хисороти зиёди молӣ диданд. Бештари онҳо мегӯянд, тиҷораташонро бо қарзҳои бонкҳо гардон мекарданд ва акнун ҳайронанд тақдирашон чи мешавад. Ҷамшеди Маъруф, хабарнигори “Озодагон” дар гузориши видеоие чашмандозе ба ин ҳодисаи оташсӯзӣ ва оқибатҳои он дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |