Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, бо имзои як қарор ба 447 атбои хориҷӣ шаҳрвандии кишварашро додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон бисёре аз ин нафаронро собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки асосан зодаи ноҳияи Ҷиргатол, Мурғоб, Ёвон ва вилояти Суғд мебошанд.
Дар қатори атбои нави Қирғизистон, намояндагони миллатҳои узбак, уйғур, муғул, рус ва украинӣ низ номбар шудаанд, вале миллати ягон нафарашон тоҷик зикр нашудааст. Ҳамаи собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон миллаташонро қирғиз нишон додаанд, гарчанде бархе аз онҳо ному фамилияи сирф тоҷикӣ доранд.
Рӯйхати атбои нави Қирғизистон
Мӯҳр