Боздошти яке аз Зиёевҳо дар Бадахшон
Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти Аҳад Зиёев, фармондеҳи қисми низомӣ дар маҳаллаи Ёмҷи Бадахшон хабар доданд, ки барои ҳамдастӣ дар қочоқ муттаҳам мешавад.
Аҳад Зиёев, капитани 27-сола, ки яке аз бародарзодаҳои Мирзо Зиёев, фармондеҳи кушташудаи ИНОТ арзёбӣ мешавад, бо нишондоди як сокини маҳаллӣ, ҳафтаи гузашта боздошт гардидааст. Ба иттилои манобеи “Озодагон” сокини маҳаллӣ, ки зимни интиқоли 210 шишаи арақ ба Афғонистон боздошт шудааст, шоҳидӣ додааст, ки ба ин кор бо мусоидати Зиёев даст задааст ва гӯиё, аз ӯ барои убури марз иҷоза гирифтааст. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Аҳад Зиёев ягона намояндаи хонаводаи Зиёевҳо нест, ки дар пушти панҷара қарор дорад. Дар пайи куштори Мирзо Зиёев, ки моҳи июли соли 2009 дар шарқи Тоҷикистон сурат гирифт, чанде аз наздикони ӯ боздошт гардиданд. Тибқи маълумоти расмӣ генерали 58 сола, ки баъди аз курсии вазорати ҳолатҳои фавқуллода сабукдўш шуданаш дар Тавилдара ба сар мебурд, аз тири ҳаммаслакони худ ба ҳалокат расидааст.
Дар пайи ҳаводиси тобистони соли 2009, моҳи августи соли 2010 додгоҳ писарони Мирзоев-Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммадро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи кишвар гумонбар буданд, дар ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ муҷрим шинохта мутаносибан 29 ва 30 солӣ равонаи зиндон кард. Аммо баъди сару садоҳои зиёд ва эътирозҳои паёпай аз болои ҳукми мазкур додгоҳи таҷдиди назари Суди олӣ дар моҳи феврали соли 2011 аз мўҳлати ҷазои фарзандони Зиёев 15 солиро лағв кард.
Яке аз бародарони генерали собиқ Абдусамад Зиёев аз толори додгоҳ озод шуд, вале чанди дигар маҳкум ба зиндон шуданд. Яке аз маҳкумшудагон, Сулаймон Зиёев, бародари 27-солаи Мирзо Зиёев, баъди ду моҳи раҳоияш аз зиндони Ёвон, баҳори соли равон худро дар Тавилдара ба дор овехта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |