ҲНИТ ва “Единая Россия” равобити худро тақвият мебахшанд
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон бо Андрей Климов, узви Шӯрои Раёсати олии ҳизби ҳокими Русия - “Единая Россия” ва муовини раҳбари кумитаи Шӯрои Маҷлиси федеролии ин кишвар оид ба равобити байналмилалӣ мулоқот кардааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ рӯзи 29 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, вохӯрии Кабирӣ бо Климов дар ҳошияи “Анҷумани умумии ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё: Дастовардҳо ва чолишҳо” дар шаҳри Қазон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, ҷонибҳо дар ин дидор баъзе аз масоили минтақавию байналмилалиро ба баҳс кашида, хостори тақвияти равобити ҲНИТ бо “Единая Россия” ба хотири манофеи ҳар ду миллат шудаанд.
Ӯ мегӯяд, вазъи муҳоҷирони кории тоҷик, афзоиши ифротгароӣ дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва нақши аҳзоби сиёсӣ дар ҳалли ин мушкил яке аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо намояндаи ҳизби ҳокими Русия буд.
Сухангӯи раиси ҲНИТ афзуд, интизор меравад, Муҳиддин Кабирӣ дар доираи ин сафараш ба Русия бо муҳоҷирони кории тоҷик дар он кишвар мулоқот кунад. Ин вохӯрии Кабирӣ рӯзи 30 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Алфа”, воқеъ дар наздикии метрои “Партизанский” соати 12:00 шурӯъ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |