Бахшҳо
29 ноя 2014 09:51Ҳуқуқи инсон

Ҷавонон дар доми гуруҳҳои ифротгаро

Моҳирахон ХОҶАЕВА

Коршиносон мегӯянд, руҳияи радикалӣ дар ҷомеъа ҳаст, вале руҳияи пинҳонӣ аст. Зеро дар Тоҷикистон меъёрҳои демократӣ пурра риоя намешаванд. Аксар вақт ин меъёрҳо аз тарафи баъзе мақомоти идоракунандаи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дағалона поймол мешаванд. Баъзе вақт хилофи қонунҳои кишвар амал мекунанд ва ин албатта, як фазои дигарро ба миён меорад. Яъне, руҳияи радикалиро дар ҷомеъа зиёд мекунад.


Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин робита мегӯяд: “Вақте ки дар бораи гурӯҳҳои ифротгар ва ҷавонон сухан меронем, пеш аз ҳама бояд як проблемаро пеши назар орем, ки ҷавонон оё дар ҳақиқат аз нуқтаи назари ҷонибдорӣ кардани ғояҳои ифротгароӣ ба сафи ин ҷунбишҳо ҳамроҳ мешаванд ё худ онҳо гумроҳанд. Бештар ман ҷонибдори он ақида ҳастам, ки шумораи ҷавононе, ки ин ғояро қабул кардаанд, ниҳоят дараҷа ночиз аст ва аксар гумроҳанд. Мисоли равшан иштироки ҷавонони Тоҷикистон дар ҷанги Сурия аст. Мо хеле хуб медонем, ки аз Тоҷикистон 200 нафар ҷавонон меҷанганд ва онҳо бо кадом роҳ рафтаанд, тарафдори ғоя ҳастанд, гӯем дуруст намеояд. Аксари онҳо шахсони фирефташуда ҳастанд. Аз паси маблағ рафтанду ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳудуди Русия сафар кардаанд. Зеро ҷавонон сабаб, мақсаду ҳадафҳои ҷунбишҳоро дуруст эҳсос намекунанд, инчунин ба мазмуну мундариҷаи даъватҳо сарфаҳм намераванд. Аз ин рӯ, мо бояд эҳтиёткор бошем, ки дар Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди Тоҷикистон кори тарғиботӣ бурда мешавад ва бо ҳар роҳ ҷавононро фирефтаи амалиёти ҷиноятӣ мекунанд, ки оқибаташ ниҳоятдараҷа бад аст, ки нооромии кишвар мебошад”.

Коршиноси тоҷик меафзояд, ҳамзамон лидерони гурӯҳҳои радикалӣ номи исломро истифода мекунанд, ки аксар вақт дар ҷамъият мавқеъаш бузург, мустаҳкам аст. Онҳо хеле омӯхта ҳастанд, роҳҳои муборизаро медонанд, бинобар ин таъсири онҳо дар ҷомеъа бештар аст. Аз ин рӯ, ба онҳо ҷавонон пайравӣ мекунанд. Фирефта шудани ҷавонон дуруст аст.
-Боз як сабаби дигари шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ин дидаю дониста шомил мешаванд. Яъне онҳо чӣ гуна мавқеъ доранд, агар эътироз нисбати ҳокимияти давлатӣ, эътироз нисбати намояндагони конкретии ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо агар вуҷуд намедошт, шомил намешуданд. Бинобар ин дар хулоса мегӯям, вақте ки мо дар бораи радикал сухан меронем, радикал ин чӣ маънӣ дорад, яъне қатъӣ кардани як қарор ва дигар роҳеро надидан, ин мавқеъи оштинопазир аст. Радикалҳо аксар вақт оштӣ кардан намехоҳанд, онҳо гумон мекунанд, ки қарори қабул кардаи онҳо яккаву ягона аст. Танҳо бо ҳамон роҳ рафтан мумкин аст, ин роҳи муборизаи мусаллаҳона, ё роҳи табаддулоти давлатӣ ё ки ташкил кардани дигар амалиётҳо аст.

ИСЛОМ ГУРӮҲБОЗИЮ ИХТИЛОФАНДОЗИРО МАНЪ МЕКУНАД

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд мегӯяд, дини мубини Ислом, дини оромӣ, сулҳ аст, тафриқаву ҷудоиандозиро манъ мекунад, хусусан, гурӯҳбозию ихтилофандозиро. Аммо, афсӯс, имрӯз баъзе ҷавонони мо ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ, ҷараёнҳои ихтилофангез, гурӯҳҳои тундрав ҳамроҳ мешаванд. Албатта, ин гурӯҳҳо аз номи дин ҳизб ташкил намуда, номи дини мубини Исломро суиистифода мекунанд, ки хуб нест. Бояд номи дини мубини Ислом суиистифода нашавад. Аз суиистифодаи дин барои як гурӯҳ ё як ҳизб бояд эҳтиёт карда шавад, дин муқаддас аст, муқаддасии дин нигаҳ дошта шавад.

-Инсон ба дунё пок меояд, ҳамаи фарзандон пок таваллуд мешаванд, падару модар онҳоро ба кадом роҳ тарбия кунанд, ба ҳамон роҳ мераванд. Имрӯз бояд мо фарзандонро насиҳат кунем, ки аз ҳар гуна ҳизб-ҳое, ки ба ҷомеъаи мо манфиатрасон нес-танд, эҳтиёт бошанд. Баъзе ҷавонони мо фирефтаи гурӯҳҳои тундрав мешаванд. Фирефтаи суханҳое, ки ба «ҷиҳод» даъват мекунанд, нашаванд. Як гурӯҳ ҷавонони мо дар ҷанги Сурия иштирок мекунанд. гӯё, ки дар он ҷо ҷиҳод бошад, аммо дар Сурия ягон ҷиҳоде нест. Дар он ҷо байни ду гурӯҳ ҷанг аст. Яъне ҳадаф ҳукуматро гирифта, аз ин араб ба ин араб додан аст. Ҷанги динӣ нест, ё ҷиҳоди динӣ нест. Фикр кунед, чӣ гуна ба ҷаннат меравад, қасди вай куштани нафароне буд. Касе ки як муъминро мекушад, ҳеҷ гоҳ ба ҷаннат намеравад, ҷои ӯ дӯзах аст. Ба лаънату ғазаби Худо гирифтор мешавад. Бинобар ин ҷавонон фаҳманд, ки ҷанге, ки дар Сурия аст, он ҷиҳод нест.

Ҷавонон бояд донанд, ки ҳамаи ҳизбҳо як ҳадаф доранд, хизмат ба дин нест, балки расидан ба ҳукумат аст. Ва он ҷараёнҳое, ки аз хориҷи кишвар меоянд, ҳадафи онҳо ноором кардани мардум аст, бинобар ин ҷавонон ин чизро дарк кунанд ва қурбони он нашаванд, - мегӯяд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода.

РИОЯИ АДОЛАТИ ҶАМЪИЯТӢ ОМИЛИ АЗ БАЙН РАФТАНИ РАВИЯҲОИ ИФРОТГАРОӢ АСТ

Коршиносон хулоса мекунанд, ки ҳарчанд пешравиҳо ҳаст дар кишвар, лекин пешравиҳо дар соҳаи демократия камтар дида мешавад, аз ин рӯ, руҳияи радикалӣ дар ҷомеъа пинҳонӣ вуҷуд дорад. Барои дигар кардани руҳияи ҷомеъа, ҳукуматдорон бояд исбот кунанд, ки дар ҳақиқат бо роҳи демократия рафта истодаанд. Сохторҳои давлатӣ кор карда истодаанд, аммо бо як кори идеологӣ намешавад, зеро сабаби асосӣ ин коррупсия, мавҷуд набудани адолат дар ҷомеа аст. Агар мо адолати ҷамъиятиро пойдор карда тавонем дар ҷомеъа, пас равияҳои ифротгароӣ худ аз худ аз байн мераванд, – мегӯянд коршиносон.

Дар яке аз маҷлисҳо муовини якуми Раиси вилояти Суғд Сангинов Ҷумъабой Раҳматович перомуни ин масъала зикр карда буд, ки пешгирии равандҳои ифротгароӣ, ҷинояткориҳои экстремистию террористӣ вазифаи тамоми ҷомеа дониста шуда, ягон нафар, ягон фард аз ин фаъолият худро набояд канор гирад. Ҳар як оила, кӯча, маҳалла, деҳа, шаҳрак дар ин кор бояд саҳм дошта бошад. Ба ташкили иттиҳодияҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ муносибатро бояд дигар намуд. Мо бетарафиро дар мавриди ҳимояи давлат бояд қатъиян решакан намоем. Ходимони дин ҳам мавқеи шахсии худро аз ҳамин нуқтаи назар ҳаматарафа таҳлил намуда, барои ташаккули вазъ ва андешаи созгору созандаи динӣ талош кунанд.

Кор дар байни ҷавонон таҷдиди назар мехоҳад. Аз ҳарвақта бештар сохторҳои масъул рӯ ба ҷавонон оранд, ҳамоҳангсозии фаъолият дар сатҳи баланд таъмин гардад ва ин бояд самти калидии фаъолияти мо бошад. Ба сохтакорию шаклпарастӣ ва расмиятчигӣ дар ин самти кор хотима гузошта, худшиносию меҳанпарастӣ ва садоқатпешагӣ ба шуури ҷавонон ҷойгир карда шавад.

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУРИЯ МЕҶАНГАНД ВА ТО ИМРӮЗ 50 НАФАР КУШТА ШУДААНД

Бояд қайд кард, ки вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони дохилаи кишварҳои СНГ аз боздошти 39 узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 25 узви гурӯҳҳои тундрави маз-ҳабӣ, бо шумули 18 узви ҷараёни «Салафия», 4 узви «Ҳизб-ут-таҳрир» ва 2 узви «Ҷамоат-ул-таблиғ» хабар дода буд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гуфтугӯи мустақим бо хонандагони ҳафтаномаи "Тоҷикистон"-и чопи Душанбе, ки рӯзи 2 октябр анҷом ва 15 октябр нашр шуд, гуфтааст, бар асоси маълумоти охирин, ҳудуди 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд ва то имрӯз аз ин шумор 50 нафари онҳо кушта шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сомонаи Озодӣ дар як гузориши хеш зикр мекунад, ки мақомоти вилояти Суғд рӯзи 15 октябр аз боздошти 10 нафар – 9 сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ва як сокини Спитамен – хабар доданд. Ин афрод, ки дар моҳи сентябр дастгир шудаанд, ба иддаои мақомот, бо ҳидояти як сокини Истаравшан қасди сафар ба Сурия ба хотири ширкат дар “ҷиҳод”-ро доштаанд. Алайҳи онҳо бар асоси моддаи 401-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ, ки дар моҳи майи соли равон бознависӣ шуд, барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бознашр аз нашрияи ДАМ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)