Ҷавоби як корбари Фейсбук ба “намедонам”-и раиси “Барқи тоҷик”

Як корбари Фейсбук баъди он ки раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” дар парлумон гуфт, намедонад, нархи истифодаи барқ дар кишварҳои ҳамсоя чи қадар аст, арзиши истифодаи нерӯи барқ дар бархе кишварҳои минтақаву ҷаҳонро нашр кардааст.
Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” зимни суханронӣ дар парлумон, рӯзи чоршанбеи 26 ноябр таъкид кард, миёни кишварҳои пасошӯравӣ ё худ СНГ аз ҳама нерӯи барқи арзон дар Тоҷикистон аст, аммо дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон, ки нархи нерӯи барқ дар кишварҳои ҳамсоя чи қадар арзиш дорад, натавонист ҷавоб гӯяд.
Рустам Мирзоев, як ҷавони тоҷик дар саҳифаи Фейсбуки худ нархи истифодаи 1 кВт нерӯи барқ дар чанд кишварро бо пули миллии Тоҷикистон нишон додаву дар шарҳи он навиштааст: “Ҳамин маълумотро ба раиси “Барқи тоҷик” расонед, то бидонад ва нагӯяд, ки "НАМЕДОНАМ”.
Ба маълумоти ӯ, ки нагуфта онро аз куҷо дастрас кардааст, Дар Туркманистон аҳолӣ барои истифодаи барқ пул намесупоранд. Ҳаққи истифодабарии 1 кВт соат барқро дар Қирғизистон 6 дирам ва дар Тоҷикистон 12 дирам нишон додааст. Дар Қазоқистону Узбакистон 15 ва дар Русия 35-40 дирам будааст. Ба ин тариқ ба иттилои ҷаноби Мирзоев, дар Арманистону Озарбойҷон арзиши истифодаи нерӯи барқ 30 дирам, дар Украина 20-25, Белорус 35-38, Олмон 1.30, Дания 1.50 ва Туркия- 65-70 мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |