Мавзуна ВАҲҲОБОВА
Истифода аз меҳнати ноболиғон ба таври маҷбурӣ онҳоро руҳафтода намудааст, вале онҳо ба хотири бори гарони зиндагиро аз души волидон бардоштан, рӯ ба меҳнат меоранд. Дар ҳоле ки таъмини шароити хуб барои фарзанд вазифаи ҷонии падару модар буда, гаронии таъмини рӯзгор ҷурми фарзанд нест.
Имрӯз дар ҷамъияти мо истифода аз меҳнати кирояи ноболиғон равшан ба назар мерасад. Кашонидани аробачаи пурбор дар бозорҳо, шӯстани мошинҳо дар нуқтаи шӯстушӯи мошинҳо дар ҳамаи фасли сол, дар хонаи хешовандони сарватманд ҳамчун хизматгор кор кардани наврасон касеро нороҳат ва хотирпарешон намекунад. Ҳол он ки меҳнати ноболиғон бояд вобаста ба ҷисми онҳо сурат гирад. Қариб дар ҳамаи микроавтобусҳо наврасонеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба ҷамъ кардани роҳкиро машғуланд.
Маҳмудxон Пулодов (номҳо тағйир дода шудаанд) хонандаи синфи 6 буда, барои беҳтар кардани шароити иқтисодии оилаашон ба микроавтобусе бо маблағҷамъкунӣ рӯз мегузаронад. “Модарам дар Русия аст, ман ҳамроҳи модаркалонам зиндагӣ мекунам. Ба мактаб ҳам меравам ва баъди дарс ба “кор” мебароям. Охир пули мефиристодаи модарамро холаам гирифта, барои сохтани хона ҷамъ мекунад. Ба ман ягон сум намедиҳанд, ростӣ гап бо хӯроки додаи модаркалонам сер намешавам. Барои ҳамин ба кор машғул мешавам, то ба миқдори зарурӣ шикамамро сер кунаму ба мактаб ҳам бе пул наравам”,- мегӯяд Маҳмудxон.
Падару модари Маҳмудxон аз ҳам ҷудо шуда, писарчаро ба тарбияи модар мондаанд. Модаре, ки дар ягон ҷой кори доимӣ надошт. Вақте бо модаркалони 80-солаи Маҳмудxон суҳбат кардем, маълум шуд, дар ҳавлии падарӣ барои модари Маҳмудxон хонае бардоштаанд ва акнун барои таъмиру ҷиҳозонидани он 3 сол мешавад, дар Русия кор мекунад. “Дигар илоҷе надорем, писарону духтаронам бо оилаҳои худ овораанд. Дар ин давру замон ҳар кас бояд аробаи зиндагиро худ кашола кунад. Шукр, ки Маҳмудxон бачаи боғайрат баромаду худро ба кор мезанад. Мани нафақахӯр ӯро хӯрондаю пӯшонда наметавонам. Бигзор аз хурдӣ ба меҳнат одат кунад, дар оянда азоб намекашад. Касе аз меҳнат намурдааст, Маҳмудxон ҳам намемурад”,- афзуд модаркалон.
Котиби масъули Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мадина Салимова дар ин мавзӯъ гуфт, нисбат ба 14 волидайн барои ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб кардани фарзандонашон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид. Комиссия мунтаззам бо ин оилаҳо кор бурда, барои таҳсили бемонеаи ноболиғон шароит муҳайё кард. Зеро ин кӯдакон аз сабаби вазнинии зиндагӣ ҳарчанд ба таҳсил фарогир бошанд ҳам, меҳнати вазнин онҳоро хаста мегардонд. Бинобар ин, бо дахолати суд ва комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳр онҳо пурра ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз меҳнати маҷбурие, ки волидайнашон ба дӯши онҳо гузошта буданд, дур гаштанд.
Мутобиқи кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб кардани шахс манъ аст, ҳол он ки ин ҷо сухан дар бораи наврасону ноболиғон меравад. Мувофиқи моддаи 67-уми ҳамин кодекс барои хонандагони муассисаҳои маълумоти умумӣ (мактабҳо), муассисаҳои таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд – синни аз 14 то 16 – 2,5 соат, синни аз 16 то 18 – 3,5 соат кор кардан мумкин асту бас. Аммо ноболиғони мо баробари калонсолон меҳнат мекунанду ҳуқуқҳояшон ҳам ҳимоя намешавад.
Муслима ва Бобоxон сокинони ҷамоати шаҳраки Палос буда, дар оилае тарбия меёбанд, ки модарашон зери хушунати доимии падар қарор гирифта, барои таъмини рӯзгор заррае ҳам кумак намекунад. Модарашон бадбахтии худро аз зулми хушдоман, ки ҳамеша писарашро наздаш дошта, намегузорад, назди онҳо ояд ва фарзандонашро, ки яке дар синфи 5 ва дигаре дар синфи 2-юм мехонанд, парасторӣ кунад. Муқаддас Аҳмадова дар мактаб фаррош аст ва ин ду фарзанди ноболиғаш низ ҳамеша то поси шаб ҳамроҳи модар мактабро рӯбучин мекунанду дар фасли сармо дастони нозуки худро ба оби сард медоранд. Охир дар фасли зимистон барқи ноҳия маҳдуд буда, шароити обгармкунӣ низ надоранд. “Кӯдаконамро маҷбур намекунам, ки ба ман кумак намоянд, вале онҳо азоби маро дида, ёрдам мекунанд. Дар хона шароити хуб барои тайёр кардани дарсро надоранд, на курсиву на миз. Охир вазифаи мо бояд онҳоро ҳаматарафа таъмин сохта, ба онҳо шароит муҳайё созем, то онҳо даврони хуби бачагиашонро на бо фаршшӯию чангпоккунӣ, балки бо омӯзишу бозӣ гузаронанд. Вале бо он зиндагие, ки дорем, ҳамаи ин хаёли хом менамояд”, - ашкрезон гуфт Муқаддас Аҳмадова.
Ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб гаштани кӯдакон, организми кӯчаке, ки дар айни камолёбӣ қарор дорад, як навъи хушунат аст. Хушунате, ки аз тарафи шахсони наздик расонида мешавад. Ва дар аксар ҳолат хушунатро маҳз шахсони ба дилу ба xон наздик ба инсон раво мебинанд, ки ин аз ҳама аламовар аст. Махсусан агар хушунат нисбат ба фарзанд ва ё дигар аъзои ноболиғи оила содир шавад.