Медали Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба президенти аввалини Тоҷикистон
Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури нахустини Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси миллии кишвар, бо медали Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) қадрдонӣ шудааст.
Ин медал ба раисҷумҳури пешини Тоҷикистон рӯзи 28 ноябр дар ҳошияи чаласаи 41-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ тақдим гардидааст. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии кишвар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Қаҳҳор Маҳкамов ба хотири таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ бо ин нишон сарфароз шудааст. Моҳи июли соли равон раиси ҷумҳури нахустини Тоҷикистон бо ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қадрдонӣ шуда буд.
Ба гуфтаи Саидов, инчунин Қурбон Убайдулло Абдулло - раиси Кумитаи Маҷлиси милли оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон ва занон дар ҷомеа, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба илм ва маориф, Абдуллозода Иброҳим – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Ахдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ бо чунин медал қадрдонӣ шудаанд.
Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт. Баъд аз ӯ курсии президентӣ ба Раҳмон Набиев насиб кард, вале ӯ ҳам дер напоид. Севумин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда, 22 сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |