Боздошти омӯзгор барои дастдарозӣ ба шогирдаш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як омӯзгори 37 сола бо иттиҳоми “содир намудани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба як хонандаи мактаб” хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 27 ноябр М. С, омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Истаравшан дастгир шудааст. “Ӯ аз моҳи октябри соли гузашта инҷониб дидаю дониста, нисбати ноболиғ Д. Г. соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 8 ҳаракатҳои бадахлоқона содир намудааст”,-мегӯяд манбаъ.
Ин бори аввал нест, ки мақомот аз дастдарозии омӯзгорон нисбат ба шогирдони худ иттилоъ медиҳанд. Моҳи октябри соли сипаришуда мақомоти пулиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз боздошти як омӯзгори 60-солаи мактаби рақами ҳашти ин ноҳия хабар доданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Маҳмадхӯҷа Бобохӯҷаев нисбат ба ду хонандаи синфҳои ибтидоӣ, ки яке даҳсолаву дигарӣ нуҳсола будаанд, амалҳои шаҳвонидоштаро анҷом медодааст. Соли 2012 бошад, додгоҳи вилояти Хатлон як омӯзгори 32-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои дастдарозӣ ба номуси шогирдони хурдсолаш ба 25 соли зиндон маҳкум карда буд. Волидони чанде аз хонандагони мактабе дар деҳаи Қулсанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфта буданд, ин омӯзгор ду соли охир нисбат ба шаш духтари хурдсол, ки дар синфи дуюм мехондаанд, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |