Ҷавоби Дастгоҳ ба Кабирӣ: Ҳалли мушкили шумо ба дасти мо нест
Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба номаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои баргузории анҷумани пеш аз интихоботии ҳизбаш толор хоста буд, ҷавоб додаст. Тавре аз дафтари матбуоти ҲНИТ хабар доданд, дар номаи ҷавобии Дастгоҳи иҷрояии раисҷумҳур омадааст, “ҷудо кардани толор ба салоҳияти онҳо дохил намешавад, дархости ҲНИТ ба шаҳрдори Душанбе ирсол шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки масъулини ҲНИТ мегӯянд, онҳо қаблан чунин нома ба унвони Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ирсол карда буданд, аммо то ҳол ҷавоберо нагирифтаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номаи Муҳиддин Кабирӣ ба раиси Дастгоҳи президент замоне ирсол гардид, ки қаблан онҳо ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои ҳалли ин мушкили худ муроҷиат карда буданд. Ба қавли сухангӯи раиси ҲНИТ, ин ҳизб дар таърихи 30 сентябри соли ҷорӣ бо навиштани номае аз Убайдуллоев барои пайдо кардани толор кумак хост, вале бо гузашти беш аз як моҳ посухеро нагирифтааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш беш аз 40 ҳазор узв дорад ва қарор аст, 16 декабри соли ҷорӣ анҷумани пешазинтихоботии он баргузор шавад ва раҳбарияти ин ҳизб барои барпо кардани ин маъракаи сиёсии худ ба мақомот муроҷиат карда, гуфт, ба толоре ниёз дорад, ки ҳадди ақал тавони ҷой кардани 700 нафарро дошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ҲНИТ мегӯянд, онҳо дигар бовар надоранд, мақомот ин мушкилашонро ҳал кунад ва аз ин рӯ, тасмим гирифтаанд, анҷумани худро дар қароргоҳи марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |