ВИДЕО: Пешниҳод барои гузоштани ҳайкали қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири райисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, замоне мерасад, ки ба хотири қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳайкал мегузоранд.
Иброҳим Усмонов, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки шоми дирӯз, 27 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, “боварӣ дорам, замоне дар Тоҷикистон қудрате пайдо мешавад, ки новобаста аз он ки қудрати ҷамъиятӣ аст, ҳукуматӣ аст ва ё дигар, як ҳайкали сулҳе месозанд, ки ба ин ҳайкали сулҳ мардум барои хурсандии ин замонашон ба хотири фавтидагони ин ҷанг сари таъзим меоранд”.
Роҳбари фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” пешниҳод кард, зери ин ҳайкал китобе бошад ва дар он исми афроде, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудаанд, сабт гардад. Иброҳим Усмонов дар идома гуфт, “мо дар пайи тартиб додани феҳристи нафароне ҳастем, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд. Дар ин рӯйхати мо на тарафдори ҳукумат аст ва на тарафдори мухолиф, танҳо ном, соли таваллуд, ҷойи таваллуд, вақти вафот ва ҷойи вафот аст”.
Ба қавли мушовири пешини райисҷумҳури Тоҷикистон то имрӯз 2000 ном ҷамъоварӣ гардидааст ва ин раванд идома пайдо хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар як суханронӣ теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро ҳудуди 157 ҳазор гуфта буд.
Фонди “Гуфтугӯи таммаддунҳо” моҳи октябри соли 2012 аз ҷониби Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон бо ҳадафи таҳқиқи ҷанг ва сулҳи тоҷикон таъсис шуда, моҳе як ё ду маротиба бо иштироки чеҳраҳои саршинос маҳфил мегузаронад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |