Бахшҳо
28 ноя 2014 09:23Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Назриев дар бораи пул, илм ва "бозӣ"-ҳои Маҳмадшо Илолов

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Ахиран дар Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоботи академикҳо баргузор шуд. Аз миёни 15 номзад 7 нафар ба ҳайси академик пазируфта шуданд. Ҷӯрабек Назриев, узви вобастаи Академияи улум ва раҳбари пешини Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ҳам яке аз номзадҳо буд, ки баъдан номзадияшро бозпас гирифт. Хабарнигори Озодагон дар суҳбати ихтисосие нахуст аз ӯ далели ин тасмимашро пурсид.

Ҷӯрабек Назирев: “Банда бо чанд сабаби маълум номзадиямро бозпас гирифтам. Сабаби аввал ин буд, ки Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллӣ аз ман пеш ҳуҷҷатҳояшро супорида буд ва аз сабаби он ки барои соҳаи мо танҳо як ҷой муқаррар шуда буд, номзадиямро бозпас гирифтам. Агар ду нафар, яъне Имомов ва ман дар интихобот ширкат мекардем, шояд мушкилиҳо пеш меомад, ба ҳамдигар халал мерасондем. Инчунин фикр кардам, ки ӯ ректори донишгоҳ аст ва метавонад робитаҳои илмӣ-фарҳангии Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллиро беҳтару бештар густариш бидиҳад. Бо назардошти ин омилҳо даъво накардам ва бо андешаи “шояд интихоби ӯ ба манфиати илм бошад”, номзадиямро гирифтам”.

Озодагон: Баъди эълони натоиҷи интихоботи Академияи улум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ интиқодҳое ҳам шуд. Масалан, гуфтанд, ки дар рафти интихоби номзадҳо шаффофият таъмин набуд. Дар гузашта ҳам ин гуна афкор ба вуҷуд омада буд. бархе таъкид карда буданд, ки чеҳраҳои арзандае мисли Худоӣ Шарифов , Абдуманнон Насриддинов, Абдунабӣ Сатторов ва чанд тани дигар аз фарҳехтагони илм шоистаи ин мақом буданд, аммо...

Ҷӯрабек Назриев: “Дар соли 2008, ки худи ман ҳам муддаӣ будам, як бозиҳои зиште дар ҳақиқат роҳандозӣ шуда буд, ки ба қавле дрижёри асосиаш худи Маҳмадшо Илолов, президенти вақти Академияи илмҳо буд. Маҳмадшо Илолов бо “интихобот”-и гузарондааш як навъ нобовариро вориди даргоҳи илм кард ва оқибаташро то имрӯз мегӯянду маломат мекунанд. Афсӯс коре шуд, ки набояд мешуд ва масъулону дастандаркорон бояд андеша мекарданд, ки тоҷи сари ҷумла ҳунарҳо ва қуфлкушои ҳама дарҳо илм аст, бо илм бозӣ кардан гуноҳи азим мебошад. Илм бозиро қабул надорад. Боз кӣ медонад, чӣ оқибате дар пеш аст?

Ба нафъи кор аст, агар мо муҳити илмиро ҳифз кунем ва нагузорем, ки ҳар гуна одамони тасодуфӣ вориди майдони илм шаванд. Мутаасифона, имрӯз расм шудааст, ҳар соҳибмансабе, ҳар “мақомдор”-е, ҳар нафаре, ки дар ҷайб зар дорад, осон вориди майдони илм мешавад, рисолаи номзадӣ “менависад”, баъди чанде рисолаи докторӣ дифоъ мекунад ва доктор мешавад ва билохира даъвои бештаре мекунад. Бешак, чунин амал бемории илм аст, хориву беқадрии олим. Як ҳадиси паёмбари Акбарм (с) ҳаст, ки мефармояд: “Олимон меросбари паёмбаронанд”. Бинобар ин илм муқаддас аст ва ҳар нопок наметавонад олим бошад. Бояд мақоми илм аз ҳама чиз боло бошад, варгарна илм хор мешавад. Дар ҳақиқат мисли Худоӣ Шариф, Абдуманнон Насриддинов ва дигарон шахсиятҳое буданд, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд.

Ин гуна ҳарфҳо он вақт буд ва ҳоло низ вуҷуд дорад. Вале ба нафъи кор аст, агар мо муҳити илмиро ҳифз кунем ва ҳар гуна одамони тасодуфӣ ворид нашаванд. Муттаасифона, имрӯз расм шудааст, ҳар нафаре дар идорае кор кард, меояд рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад, баъди чанд сол рисолаи докторӣ дифоъ мекунад, доктор мешавад, ки ин боиси ифтихори мо нест. Ин хор шудани илм аст. Барои ҷилавгирӣ аз ин падидаи шум пешниҳод дорам, ҳар касе олим шудан мехоҳанд бояд дар муҳити илмӣ кор кунад, рисолаи илмӣ таълиф кунад. Зери назар ва дар ҳузури донишмандон рисолаашро дифоъ кунад, бо гармиву сардӣ ва шириниву талхии муҳити илмӣ аз наздик ошно шавад ва бидонад, ки илм чисту олим кист. Дар ин хусус чанд сол пеш пешниҳод доштам, ки ҳар кас рисолаи илмӣ “навишт”-у унвони илмӣ гирифт, аз мансабаш канор равад ва биёяд ба хидмати илм, ба Академияи илмҳо ё донишгоҳҳо. Он вақт аз мансаб сӯистифода намекунад ва ҳар кас аз пайи адои вазифаи хеш мешавад. Бо ин роҳ мо метавонем аз олимони тасодуфӣ халос шавем, мақоми илмро ба ҷойгоҳи пешинаш баргардонем”.

Озодагон: Аснои интихоби номзадҳо ва баранда эълон кардани довталабон соҳибвазифа ва қудратманд будан нақш мебозад?

Ҷӯрабек Назриев: “Дар робита ба ин мавзӯъ ҳарфҳое мегӯянд, ки шуниданаш нохуш аст, вале мегӯянд ва касеро ҳам парво нест. Яъне, ҳар фард аз диди худ изҳори назар мекунад, рост ё дурӯғ ҳаволаи инсофи эшон. Баъзеҳо мегӯянд ин омил нақш мебозад. Гуруҳи дигар инкор мекунад. Ба тозагӣ рӯзномаи “Нигоҳ” ва “Миллат” сари ҳамин мавзӯъ ишораҳое доштанд. Яъне, баъзеҳо ба шаффофияти интихобот шубҳа карданд. Чун ҳоло расм шудааст, агар интиқод бикунӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунанд ва додгоҳ намедонам аз рӯйи кадом меъёрҳо 1 миллиону 10 миллион ҷарима мебандад. Ман ин гуна қарорҳои додгоҳро низ қабул надорам. Охир, додгоҳ аз рӯйи чӣ муайян мекунад, ки кӣ чанд пул бояд ҷарима супорад? Масалан, барои исботи ҳақу ноҳақ додогоҳ метавонад қарор барорад, ки Карим ҳак ва Раҳим ноҳақ аст, ба Раҳим рамзан 1 сомонӣ ҷарима таъйин кунад, ин худаш алакай ҷазо аст. Аммо додгоҳҳои мо 1 миллион ҷарима мебанданд ва муҷрим, ки 100 сомонӣ маош мегирад чӣ тавр, аз кадом ҳисоб 1 миллион ҷаримаро пардозад? Ин гуна таззоду ихтилофоте ҳаст, ки таҳрир мехоҳад. Сари ин мавзӯъ андеша бояд кард, ислоҳ мехоҳад, ислоҳи ҷиддӣ”.

Озодагон: Баъзан сару садоҳое баланд мешавад, ки гуиё илм дар Тоҷикистон савдо мешавад, ин воқеият дорад?

Ҷӯрабек Назриев: “Сари ин мавзӯъ баҳсҳои зиёде вуҷуд дорад. На фақат дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия низ сари ин масъала баҳсҳои зиёд аст. Ин ҳарфҳо бо шурӯи “бозсозӣ”-ҳои Мишка Горбачови малъуну Елтсини бадсиришту бадмаст шурӯъ шуд ва давом дорад. Дар муҳити сармоядорӣ ҳама чизро метавон хариду фурӯхт, ҳатто виҷдонро. Дар замони Шӯравӣ навиштан ва дифоъ кардани рисолаи номзадӣ ба сахтӣ муясар мешуд ва ба ҳар кас ин имконият даст намедод. Ҳоло бошад, баъзеҳо хондану навиштан наметавонанд, аммо рисолаи илмӣ дифоъ мекунанд. Дар як он номзади илм мешаванду доктору боз талаби бештар пайдо мекунанд ва “мо” барин муҳрбадастони риёкор барои “пешравӣ”-ашон замина фароҳам меоварем. Вазифаи инсониву виҷдониву муқаддаси имрӯзии мо ин аст, ки дигар ба ин чизҳо роҳ надиҳем. Унвони академикӣ бисёр унвони баланд ва муътабар аст, хуб мешуд аъзои Академияи илмҳо аз ҳисоби барҷастатарин донишмандон интихоб шаванд, то ҳеч кас дар мавриди донишу хиради илмии ин ё он нафар шакку шубҳа накунад. Чизи дигар имрӯз расм шудааст, бисёриҳо меоянд ва мегӯянд, “мо рисола менависем”. Ман ҳайронам, нафаре ки берун аз муҳити илмӣ кор мекунад, чӣ гуна вақт меёбад, ки рисолаи илмӣ бинависад? Вазиру раису сафиру тоҷиру... магар вақти рисола нависӣ доранд?

Соҳибмансабе, ки мехоҳад ба манфиати ҷомеа хидмат кунад, бояд шабонарӯз дар сари кор бошад, яъне аз соати 6-7-и субҳ то 10-11-и шаб вазифаи давлатиашро анҷом диҳад. Пас аз куҷо вақт мемонад, ки ба корҳои илмӣ машғул шавад, китобхона равад... Фикр мекунам, фурсат надорад. Дар асл чунин бояд бошад, вале дидем, ки мешудааст, дирӯз “доктор” шуду имрӯз академик ва шояд истилоҳи “акамедику акамедия” ҳам тайи понздаҳ даҳ соли охир аз ҳамин бозиҳо сар зада бошад. Хуб мешуд пеши роҳи ин амали зишт гирифта шавад”.

Озодагон: Баъди рафтани Шумо аз раҳбарии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ҳоло бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ якҷост, кормандони собиқадори он аз кор рафтанд ва ҳоло вазъ дар ин муассиса чӣ гуна аст?

Ҷӯрабек Назриев: “Махлуқоне дар атрофи ман моҷаро барангехтанду туҳмат заданд. Фитнаашон ошкор гардид, вале мутаасифона эътибори институт халалдор гардид. Метавон Шарофиддин Имомовро ном бурд. Дар гузашта муовини ҷамъияти “Растохез”, ходими илмии ҳамин институт, ҳоло бошад, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва боз чанд нафари дигар”.

Озодагон: Муттаҳид шудани ду институт, яъне, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба манфиат буд ё на?

Ҷўрабек Назриев: “Муттаҳид кардани ду институт бисёр кори ғалат буд. Як замон гӯё ислоҳот гузарониданд, институтҳоро бо ҳам муттаҳид карданд, ки ин як навъ ғалати фаҳш буд. Акнун “бозсозон” хомӯшанд, намегӯянд, ки ғалати мо буд. Ватани соҳибистиқлол дорем, хушбахтона тамоми олам моро ҳамчун кишвари муттамаддин мешиносаду эътироф дорад, бояд ки дар алоҳидагӣ институти махсуси забон ва адабиёт дошта бошем, ки бо тамоми қувва дар хидмати забону адабиёти ин миллат бошад. Мо дар иҳотаи кишварҳои шарқ қарор дорем ва аз ин рӯ институти шарқшиносӣ бояд дошта бошем, ҳатто институти ғарбшиносӣ ҳам. Ва мероси хаттӣ, ки шаҳодатномаи таъриху фарҳанги гузаштаи мо асту мояи ифтихори имрӯзу фардои миллат таваҷҷуҳи махсусро мехоҳад ва аз рӯи мантиқ ҳатман бояд соҳиби пажуҳишгоҳи бузурги мероси хаттӣ бошем, то тавонем мероси бузурги ниёгонро аз ҳар гӯшаву канор гирдоварӣ кунему маврид таҳқиқ қарор бидиҳем. Бубинед, туркманҳо ки тахмин зиёда аз 900 дастхат доранд, дар заминаи он институте доранд бо номи Институти миллии дастхатҳо. Бинобар ин пешниҳод мекунам, мо бояд институти меросии хаттии худамонро дошта бошем. Чун мо нусхаҳои бисёр нодир дорем, ҳарчанд як кишвари бегона қисмати зиёди ин дастхатҳоро нусхабардорӣ карда бурд, бо вуҷуди ин ҳоло ҳам метавонем баъзе корҳоро анҷом бидиҳем. Хушбахтона дар рӯйи дасти мардум нусхаҳои нодир вуҷуд дорад”.
Мӯҳр
Ачоиботбой
О ин боз аз чи шикоят мекада бошад, Хукумат дар дасташу боз мега, ки ину он ва хатто тгоиашро махлук гуфт

Ором
Ман Чурабекро хамчун хофиз ва хунарманди хуб мешиносам вале хизматаш дар чодаи илмро шахсан чандон надидаам

аҳмад
ин ҷурабек назриев ними саводи шарофиддин имомовро надорад...боз даъво мекунад...
шогирде ҳаст, ки дар табақи устод туф мекунад

Чанд нафаре, ки ба дониши Устод Чурабек шубха доред, аслан чизеро дар бораи у намедонед, дар сухбаташ нанишастаед, дарачаи донишвариву одамгариашро намедонед. Хис мекунед, ки андешахояш чи гуна самимонаву хакикатанд? Ахмад навиштааст, ки "ними саводи Имомовро надарад"... Имомову Илолову....имруза Рахимови Шумо бояд сад соли дигар донишу илму одамгари омузанд, ки баъд ба устод Чурабек каме наздик шаванд.... Устод Чурабек харчанд Директори Инстититут нест, академик нест, вале хамеша сари баланду обру ва эхтиром дорад. Он лжедоктору лжеолимони дигари шуморо баъди 15 дакакаи аз макомашон рафтан дигар касе на ёд мекунаду на бо онхо хатто салом мекунад....Хафа нашавед, хакикат аст ин!!!

ّّАгар хамин Чурабекро академик мекардем, чи хам мегуфт, шояд аз хурсанди дар дохили аккордеонаш намегунчид. Ака худорахмати Алимардонов кори докториро навишта дод, боз дигар чи медия.

О ин Чурабек кучову акдемикиаш кучо ман дар чои ин кас бошам амун тамбуро гирфта туй бар туй гардам ин шахси илми нест ки дар сохаи илм фаъолият кунад. То имруз ки ман дар хаминрох яъне ба такикоти машгул хастам то ин замон аз ин шахс чизе нахонад ин Чурабеки Шумо як туигард хаст. На Имомоваш хам барои академик намеразад. на Олимов на Турсунов. Ин Турсунов 15 сол дар Америка гашту нома фиристод ки акдемияро банданд боз имруз давои академики дорад ин Олимоваш бошад як умр дар вазифа кор кард. Дар фаслафа танхо тавонотарин ин Хаёлбек Додихудоев, Шохназар Шорисматиуллоев буданд барои академики хизмати аз хама зиёд ин хизмати Мусо Диноршоев мебошад

Ozod
Хуб вокиф астам аз ки будани чурабек. Бисёр ин кадар вохима накун, биёяд дар доираи донишчуёну мухаккикон як маротиба сухбат орояд баъд мефахми у кист. У мегуяд, ки дар чайбат зар бошад хама чиз мешави, ба худои бузург касам ки ин хама аз тачрибаи шахсии уст. Мо замони аспиранти комилан огах будем ки у чи гуна доктор шуд, чунон ки худи у таъйид мекунад. Ман шахсан хамчун филолог тамоми олимони риштаи адабиётро ба андозае эътироф мекунам ба чуз се нафар - Имомов, Рахмонов, Назриев. Ба худо касам ин афрод шахсан бо баъзе аз олимон 7 ё 8 дакика тавони сухбату бахсро тахаммул намекунанд. Бовар накунед мархамат ба таври махзари умум бахс меороем, мархамат.
Хасан,

Муҳтарам акаи Ҷурабег Назириев
мебахшед он ҳадиси паёмбари ислом (ас) ки гуфтаанд: алуламоу варасатул анбиё ҳаргиз баи ин гуна олимоне ки шумо дар назар доред таъалуқ надорад. Олими вориси паёмбар касеро мегуянд ки аз илми исломи хабар дорад ва ба таври бардавом ҳамаи китобҳои тафсиру ҳадис фиқҳу усули шариъати исломи ва забони Арабиро омухта, риштаи таҳсилотии динияш ва ё ба истилоҳ шаҷараи илмияш то ба паёмбари худованд рафта мерасад. Ин тоифаи мардумон ки шумо олимашон мегуед олими дини нестанд, балки дар риштаҳои улуми дуняви таҳсил кардаанд. Барои ҳамин лутфан инҳоро ба таври дигар шиносои накунед. Бадтар аз ҳама ин аст ки агар шумо ба инҳо гуед ки шумо вориснои паёмбар ҳастед онҳо ҳаргиз инро қабул надоранд, чун рафтору кирдори онҳо ҳаргиз баёнгари ворисони паёмбар нестанд . Саломат бошед.
Радиои Озоди . Лутфан ин навиштаҳои бандаро бе каму кост нашр кунед то лаззати сухан ва баҳси ҷойдошта коста нагардад

Мухтарам Имоми Шарофиддин -муовини собика ва холо бо хохиши аъзоён пинхони рахбари РАСТОХЕЗ интихоб шудааст, дар хакикат кушишхои ба сари кудрат омаданро дорад ва дар ин чода соли 2012 китоби навбатии сиёсии антагонистии хеш бо номи Возварщение ФЕниксаро ба чоп расонид ки ин як фалсафаи зиддидавлати ба хисоб меравад

мегуянд ки барои инсонро фахмидан кофист, ки як чумла сухани уро шунави..... Чурабекро ман медонам то кучо фаросат дорад.

Назриевт худаш як кунчкови сплетник мебошад.

тоир
Ба Хасан Бародари гиромикадр устодат Ч.Назриев як туйгард дар давраи совети буд.Акнун .ин хофиз хам давои олими мекунад Рахимов.Илолов инхо олимони фанхои дакиканд на мисли ин хофиз гайбатчи.Хозир ин олимони илмхои гуманитари мисли нонгурак хар руз зиед мешаванду фоида надоранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)