Милош Земан сарнавишти миллати тоҷикро барои Чехия намунаи ибрат хонд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз соҳибкорон ва сармоягузорони чехӣ даъват кардааст, аз фазои муносиб ва имкониятҳои кишвар истифода намоянд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфт, Зуҳуров дар мулоқот бо Милош Земан, раисҷумҳури Чехия изҳор дошт, “қонунгузории мо дар кишвар шароити мусоид ва фазои муносиб барои пешбурди фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузоронро фароҳам овардааст ва ҷониби чехӣ метавонад аз ин имкониятҳо истофода барад”.
Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон инчунин хостори табодули таҷриба миёни намояндагони мардумии ду кишвар дар таҳия қабули қонунҳо шуда, гуфтааст, “имрӯз замони густариш додани омӯзиши таҷрибаи якдигар фаро расидааст ва мо бояд аз ин имконоти дар ихтиёрдоштаамон ба таври кофӣ истифода намоем”. Раисҷумҳури Чехия дар навбати худ барои қабул ва тадбиқи пешниҳодҳои раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба сафарҳои роҳбарон ва намояндагони парлумонҳои Душанбе ва Чехия ба кишварҳои якдигар таъкид карда, натоиҷи ин сафараш ба кишварро самарабахш арзёбӣ кард. Ӯ дар идома аз сулҳи тоҷикон тавсиф карда, изҳор доштааст, ин амал миллати соҳиби ақлу заковати боло доштани тоҷиконро бори дигар ба ҷаҳониён исбот кард: “Имрӯз ба сулҳ ва истиқлолияти комил расиданд. Сарнавишти миллати тоҷик барои кишварҳои дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла барои Чехия намунаи ибрат аст ва дастоварди сулҳи ин миллат низ барои ҷаҳониён омӯзанда мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |