Боздошти як ронандаи "Дулан" ҳангоми интиқоли маводи мухаддир

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як сокини 55-солаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешавад.
Масъулони ин ниҳод рӯзи 27 ноябр ба “Озодагон” гуфтанд, зимни як амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар мошини боркаши тамғаи “Дулан”-ро боздошт намудаанд. “Ҳангоми азназаргузаронӣ бо истифода аз саги хизматӣ, дар дохили мошин 64 баста бо маводи қаламшакли рангашон ҷигарии бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид, ки он навъи ҳашиш буда, вазнаш 35 килограмро ташкил медиҳад”,-афзуд манбаъ.
Ба иттилои мақомоти Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, дар пайи боздошти ронандаи мошини “Дулан” боз як роҳи қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қатъ гардид: “Маводи мусодирагардида ба вилояти Хатлони Тоҷикистон бо роҳи пинҳонӣ аз вилоятҳои шимолу-шарқии Афғонистон барои интиқоли минбаъдаи он тариқи ҳудуди вилояти Суғд ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст”.
Ҳоло бар асоси моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон алайҳи ин сокини боздоштшудаи Кӯлоб парванда оғоз гардида, ӯ ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Оҷонсӣ ворид карда шудааст. Оҷонсии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, айни замон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ чораҳои заруриро ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси ба ин ҷиноят марбут меандешанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |