Баҳси Абдуллоҳу Аҳмад бар сари тақсими вазоратҳо ва мансабгирии Раббонӣ
Манобеи наздик ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ ва Ашрафғанӣ Аҳмад, раисҷумҳури Афғонистон аз тавофуқ миёни ҳарду дар робита ба таъйини раҳбарони 17 вазорати ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба иттилои хабаргузории «Хома Пресс», дар ин тақсимот 9 вазорат ба раисҷумҳур ва 8 тои боқӣ насиби раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон шудааст. Манбаъ мегӯяд, Ашрафғанӣ Аҳмад вазорати дифоу хориҷиро ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дода, вазорати молия ва умури дохилиро худ гирифтааст.
Хабаргузории «Хома Пресс» менависад, ҳанӯз ихтилофҳо миёни доктор Абдуллоҳ ва Аҳмад дар мавриди 9 вазорати боқимонда вуҷуд дорад. Манобеи наздик ба раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд дар Раёсати умумии амнияти миллии ин кишвар тағйироте сурат нахоҳад гирифт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи нашри ин хабар Тими «Ислоҳот ва ҳамгироии»-и доктор Абдуллоҳ дар саҳифаи фейсбукияш аз пешбарии номзадии Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди марҳум устод Бурҳониддин Раббонӣ ва раиси пешини Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба ҳайси вазири умури хориҷии ин кишвар хабар додаст. Ин тим мегӯяд, зоҳиран дар мавриди ба курсии вазириии умури хориҷии Афғонистон нишастани оқои Раббонии хурдӣ тавофуқ шудааст. Салоҳиддин Раббонӣ, ки давоми ду сол мешуд, ба ҳайси раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон кор мекард, охири ҳафтаи гузашта бидуни тавзеҳот истеъфономаи худро ба раисҷумҳури кишвараш пешниҳод кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |