ВИДЕО: 13 соли зиндон барои марде, ки ҷиянашро бо зарби як мушт куштааст

Нурализода Сафар Маҷид, судяи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини 54-солаи пойтахтро дар куштори ҷиянаш муҷрим шинохта, ӯро барои 13 сол равонаи зиндон кард.
Қутбиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе дар куштори Назрулло Ятимови 37-сола, писари бародараш муттаҳам мешавад. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Ятимов 14 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда, гуфт, аз 4 як ҳисаи ин ҳукм тибқи қонуни афв сабук шавад. Наздикони Назрулло аз ҳукми додгоҳ изҳори норизоӣ карда, онро “сабук” хонданд.
Тавре аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” хабар доданд, шоми 20 сентябри соли равон Қутбиддин ва писари бародараш – Назрулло дар назди шиносҳо ва ҳамосояҳояшон бар ивази 50 сомонӣ бо ҳам сабқати дастхобонӣ мекунанд ва аввалӣ мағлуб мешавад: “Қутбиддин оби ҷав нушида будааст ва ҷиянаш низ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Вақте ҷиянаш ду маротиба дасти амакашро мехобонад, одамони атроф ба Қутбиддин мегӯянд, “сину солат рафтааст, дигар қувваи ҷисмоният барои муҳориба намондааст”. Қутбуддин аз ин кор ба ғазаб омада, 48 сомонии бо худ доштаашро ба Назрулло медиҳад”.
Манбаъ меафзояд, Қутбиддин тахминан соатҳои 12:30- и ҳамон шаб назди манзили бародараш омада, Назруллоро “дар паст задани шаъну шарафаш назди одамони бегона” айбдор кардаву ӯро як мушт зада, аз он ҷо ғайб мезанад. Аз ин зарба ҷавон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷасади ӯро субҳи 21 сентябр дар танкӯчаи назди хонаашон, воқеъ дар кӯчаи Заҳматободи пойтахт пайдо мекунанд.
Қутбиддин Ятимов аснои ироаи сухани охирини худ дар толори додгоҳ, аз додрас хоҳиш намуд, манзили истиқоматияшро ба номи ҳамсараш гузаронанд, то 3 фарзандаш дар кӯча намонанд.
ВИДЕОи сухани охирини Қутбиддин Ятимов дар толори додгоҳ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |