Се медал ва мақоми 25-уми Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё
Мунтахаби варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) миёни 43 кишвар мақоми 25-умро ба даст овардаанд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё аз 14-ум то 23-юми ноябр қувваозмоӣ карданд: “Медали тиллоро дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва 2 медали биринҷиро Саидҷалол Саидов ва Ҷомӣ Латифов ба Тоҷикистон овардаанд.”
Мақоми аввалро дар ин бозиҳо мунтахаби Тайланд бо касби 126 медал, ҷойи дуввумро Чин бо гирифтани 48 медал ва ҷойи сеюмро бошад Кореяи Ҷанубӣ бо 37 медал соҳиб шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |