Кабирӣ аз уламои Ислом хост, ҳокимонро насиҳат кунанд
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва вакили парлумони Тоҷикистон аз уламои ҷаҳони Ислом хост, ба насиҳати ҳокимони худ бипардозанд ва шеваи мавъизаҳоро низ бозбинӣ кунанд.
Ӯ ин нуктаҳоро дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом”, ки аз 23 то 24 ноябри соли равон дар Эрон баргузор шуд, баён доштааст.
Оқои Кабирӣ гуфтааст, далели аслии афзоиши гаравидани ҷавонони мусулмон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ ва бозичаи дасти созмонҳои террористӣ шудани фарзандони пайравони дини мубини Ислом ин зери зулм ба сар бурдани онҳо аст.
“Вақте мехоҳем, бо ифротгароӣ мубориза кунем, оё метавон бо вуҷуди зери зулм қарор гирифтани 80 дарсади ҷавонони ҷаҳони Ислом ба натиҷае расид?”- афзудааст Кабирӣ.
Раиси ҲНИТ аз донишмандоним ҷаҳони Ислом даъват кардааст, ба насиҳате бархе аз ҳокимони худ бархезанд, то аз ҳеч гуруҳе ҳимоят накунанд.
Ӯ дар идома ба масъалаи мавъиза ва хутбаҳои имом-хатибони ҷаҳони Ислом низ дахл карда, афзудааст, “мо ифрот ва такфири ошкоро дар шаклҳои гуногун мебинем ва навъе аз ифрот солҳо мешавад, ки дар мавъизаҳои мо шакл гирифтаанд. Ҳарчанд хатибони мо аз истифодаи вожаҳои хурофотӣ ва ширк то ҷое худдорӣ карданд, аммо тарзи таълиф ба гунае буд, ки дар андешаи ҷавонон зеҳнияти ифротиро ба вуҷуд овард ва натиҷаи онро олами Ислом мебинад.”
Муҳиддин Кабирӣ дар хитоб ба донишмандони ҷаҳони Ислом изҳор дошт, ки ҳоло вақте расидааст, ки дар навиштори адабиёти исломӣ таҷдиди назар шаванд. Ӯ таъкид кард, ки ҳоло бояд андешаҳои исломиро густариш дод ва бо адабиёти исломӣ дар баробари такфириҳо истодагарӣ кард.
Дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом” беш аз 300 донишманд ва руҳонии исломӣ аз гӯшаву канори олам иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар он Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, руҳони маъруфи тоҷик ва собиқ қозии мусулмонони кишвар ва Абдуллоҳи Муҳаққиқ иштирок доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |