Се назар: Ба Тоҷикистон буҳрони иқтисодӣ таҳдид намекунад?
Коршиносони умури иқтисод дар пасманзари вазъи бади иқтисодӣ ва ниёзи зиёди Русия ба асъори хориҷӣ ҳушдор медиҳанд, ки ин кишвар метавонад, интиқоли маблағ ба хориҷро маҳдуд кунад. Яке аз роҳҳое, ки Русия метавонад, интиқоли маблағ ба хориҷро маҳдуд кунад, андозбандиҳои иловагӣ арзёбӣ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 4 миллиард доллари амрикоӣ ворид мешуд, ки ба ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар пасманзари ин ҳушдору нигарониҳо “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки оё ба Тоҷикистон буҳрон таҳдид намекунад?
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшинос
Шадидтар шудани вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ имкон дорад. Сабаби аслии паст рафтани қурби пули миллӣ ин паст шудани қурби пули русӣ ва таҳримҳое, ки давлатҳои ғарб бар зидди Русия қабул карданд, мебошад. Ғайр аз ин паст шудани суръати рушди Русия. Бубинед, имсол ҳатто суръати рушд аз 0,3 зиёд намешавад. Дар тамоми таърихи пас аз фурўпошии Шуравӣ ин аз ҳама суръати пастарин аст. Ман фикр мекунам, аз вазъе, ки дар Русия ба вуҷуд омадааст, Тоҷикистон ҳам зарари ҷиддӣ мебинад. Зеро музди номиналии кори мардуми мо, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ 25-30 дарсад кам мешавад.
Абдуфаттоҳ Воҳидов, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Буҳрони иқтисодии Русия ба Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон таъсир мегузорад. Мо хоҳу нохоҳ имрӯз бо иқтисодиёти Русия алоқамандии зич дорем. Бояд гуфт қисми зиёди даромади будҷаи кишвар аз ҳисоби даромади муҳоҷирон аст, бинобар ин ҳар мушкили иқтисодие, ки дар Русия ба амал меояд, ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири бевосита мерасонад.
Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос
Вақте ки давлат масъалагузории барномавии стратегӣ намекунад, заминаҳои буҳрон пайдо мешавад. Болоравии қурби доллар дар баланси савдои Тоҷикистон, ки ба моли хориҷӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рў тағйироти дар бозори ҷаҳонӣ ба миён омда метавонад ба ваъзи иқтисодии мо таъсир расонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |